Дар давраи аввали мусобиқаи Лигаи олии футболи мамлакат се бозӣ ба фоидаи соҳибони майдон ва як вохӯрӣ мусовӣ анҷом ёфт.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар вохӯрии «Хайр» (Ваҳдат) бо КМВА «Помир» (Душанбе) бозигари аз кишвари Гана кирошуда (легионер)-и соҳибони майдон Наполеон Андоха ду тӯбро вориди дарвозаи меҳмонон намуда, ғалабаи дастаашро таъин кард.
Ба иттилои манбаъ, дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ дастаи «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро қабул намуда, бо ҳисоби 1 бар 0 дастболо шуд. Вохӯрии дастаҳои «Регар ТадАЗ» (ш.Турсунзода) ва «Равшан» (Кӯлоб) мусовӣ – 2 бар 2 анҷом ёфт. Қаблан дар бозии нахусти мавсими имсола тими «Истиқлол» (Душанбе) бо ҳисоби 2 бар 0 дастаи «Хуҷанд» (Хуҷанд)-ро шикаст дода буд.
Лигаи олии футболи Тоҷикистон. Даври 1-ум
«ИСТИҚЛОЛ» – «ХУҶАНД» – 2:0
Голҳо: Нуриддин Давронов, 69 (1:0), Соҳиб Ҳакимов, 90+1 – ба дарвозаи худ (2:0).
«ВАХШ» – «ПАРВОЗ» – 1:0
Гол: Муҳаммадҷони Ҳасан, 50.
«ХАЙР» – КМВА «ПОМИР» – 2:0
Голҳо: Наполеон Андох, 71 (1:0). Наполеон Андох, 75 (2:0).
«РЕГАР-ТАДАЗ» – «РАВШАН» – 2:2
Голҳо: Ҳусейни Сухробӣ, 7 (0:1). Комрон Турсунов, 31 (1:1). Нозим Бобоҷонов, 41 (2:1). Сайдамири Сайдахтам, 49 (2:2).
Аз бозӣ хориҷ шуд: Музаффар Сироҷиддинов («Регар-ТадАЗ»), 89.


