Тавсияҳои муовини нахуствазир ба саноатчиёни Хатлон

Муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим оид ба таҳияи стратегияи рушди саноат дар минтақаи ҷануби кишвар бо роҳбарони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон машварат баргузор намуд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз ҳукумати вилояти Хатлон хабар доданд, имконоти саноатии Хатлон кофӣ буда, вале имрӯз пурра истифода намешавад, ҳарчанд рақамҳои бозгӯи рушданд. Ҳамин тариқ, […]

Турко Дикаев



Муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим оид ба таҳияи стратегияи рушди саноат дар минтақаи ҷануби кишвар бо роҳбарони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон машварат баргузор намуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз ҳукумати вилояти Хатлон хабар доданд, имконоти саноатии Хатлон кофӣ буда, вале имрӯз пурра истифода намешавад, ҳарчанд рақамҳои бозгӯи рушданд. Ҳамин тариқ, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ корхонаву ташкилотҳои вилоят ба маблағи умумии 984 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 200 млн. сомонӣ зиёдтар аст. Дар ин давра 11 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шудааст.

Зимни машварат зикр гардид, ки дар соҳаи саноати вилоят стратегияи мушаххаси рушд вуҷуд надорад ва аз ин рӯ, он қаноатбахш нест. Масалан, давоми се моҳи аввали имсол 10 корхонаи Кӯлоб умуман ба фаъолият напардохта, 14-тоашон мавсимӣ мебошанд ва ҳарчанд корхонаҳои боқимонда ба маблағи 32 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаву ин рақам нисбат ба нишондиҳанди ҳамин давраи соли гузашта зиёд бошад ҳам, бо ин набояд хотирҷамъ шуд, зеро аз имконоти зиёде истифода нашудааст.

Дар ин маврид аз бахши коркарди пашм мисол оварда шуда, зикр гардид, ки дар кишвар ҳамасола то 8 тонна пашм омода гардида, вале ҳамагӣ ҳудуди 1 тоннаи он коркард мешавад ва боқимонда ашёи хоми пурқимату аз нигоҳи содирот муфид беҳуда талаф меёбад. Айни замон дар самт роҳандозии ҳамкориҳо бо Афғонистон пешбинӣ гардида, ба соҳибкорон тавсия дода шуд, ки дар ин самт кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи натиҷаҳои машварат санади нақшаи чорабиниҳо дар бахши рушди саноат таҳия гардида, иҷрои он шахсан зери назорати муовини нахуствазир гирифта мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.