Cафири ИМА: Тоҷикистон бо Русия бояд ҳамкории хуб дошта бошад

Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт бо рӯзноманигорони тоҷик мулоқот ороста дар мавриди манфиатҳои кишвараш дар минтақаи Осиёи Марказӣ  се ҷанбаи муҳими он – субот ва амният, рушди иқтисодӣ ва дастгирии озодии баёну ҳимоят аз ҳуқуқи инсонро зикр кард. «Дар маҷмӯъ метавонам бигӯям, ки ин се ҷанба асоси ҳамкории ИМА бо Тоҷикистон аст», […]

Ҳумайро Бахтиёр



Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт бо рӯзноманигорони тоҷик мулоқот ороста дар мавриди манфиатҳои кишвараш дар минтақаи Осиёи Марказӣ  се ҷанбаи муҳими он – субот ва амният, рушди иқтисодӣ ва дастгирии озодии баёну ҳимоят аз ҳуқуқи инсонро зикр кард. «Дар маҷмӯъ метавонам бигӯям, ки ин се ҷанба асоси ҳамкории ИМА бо Тоҷикистон аст», – иброз дошт ӯ.

Сюзан Эллиот бар ин назар аст, ки ИМА муносибатҳои бисёрсамтаи худ бо кишварҳои минтақа мутобиқи ин се ҷанбаро бояд беҳтар кунанд. «Ба андешаи ман, кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ бояд миёни ҳамдигар ва ҳамчунин бо Русияву Чин мунсибатҳои хуб дошта бошанд. Ҳамчунин Тоҷикистон бо Русия бояд ҳамкории хуб дошта бошад,зеро ин кишвар муддати тӯлонӣ як қисми Иттиҳоди Шӯравӣ буд ва ғайр аз ин, бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд», – қайд кард ӯ.

Ба гуфтаи сафир, ҳадафи ИМА рушди ҳамкориҳои гуногунҷабҳа бо кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон баҳри пешбурди се ҷанбаи дар боло зикршуда аст. «Аз лиҳози таъмини амният метавонам илова кунам, ки таҳдидҳои аз минтақаи Осиёи Марказӣ бармеомада – қочоқи маводи мухаддиру терроризм ва ғайра ба амнияти Русия ва Аврупо низ таъсир расонида метавонанд», – гуфт Сюзан Эллиот.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.