Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот кард

Дар шаҳри Париж дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) вохӯрии намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО, сафир Рустамҷон Солиев бо мудири кулли ЮНЕСКО хонум Ирина Бокова баргузор гардид. Зимни сӯҳбат ҷонибҳо масъалаҳои ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ЮНЕСКО дар соҳаҳои илм, маориф ва […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Париж дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) вохӯрии намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО, сафир Рустамҷон Солиев бо мудири кулли ЮНЕСКО хонум Ирина Бокова баргузор гардид.

Зимни сӯҳбат ҷонибҳо масъалаҳои ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ЮНЕСКО дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг, инчунин татбиқи як қатор лоҳаҳои ҳамкории дуҷонибаро муҳокима намуданд.

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО Р. Солиев ба Мудири кулли Созмон И.Бокова оид ба рафти омодагиҳо ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015, ки 9-11 июни соли 2015 дар Душанбе баргузор мегардад, иттилоъ дод. Дар ин робита, хонум Ирина Бокова ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати ҳалли масоили марбут ба об дар сатҳи минтақавию байналмилалӣ баланд арзёбӣ карда, иштироки ҳайати баландпояи ЮНЕСКО-ро дар кори Конфронс тасдиқ намуд.

Сафир Рустамҷон Солиев, бо намоиши аксҳои ҷолиб, ба Мудири кул Ирина Бокова дар бораи маҷмааи давлатии фарҳангию фароғатии “Кохи Наврӯз” дар ш.Душанбе нақл кард. Арзишу зебогии фарҳангию меъмории ин иншоот махсус қайд гардид.

Дар чаҳорчӯби мулоқот ба Мудири кулли ЮНЕСКО доир ба номинатсияҳои “Санъати чакандӯзӣ дар Тоҷикистон”, “Фарҳанги оши палов” ва “Фалак”, ки ба баррасии Созмон ҷиҳати шомил кардан ба Феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии башарият пешниҳод шудаанд, маълумоти муфассал манзур гардид. Ҳамчунин, Сафири Тоҷикистон Р.Солиев бо намояндаи воломақоми ЮНЕСКО масоили дастгирии номинатсияҳои “100-солагии Ғаффор Валаматзода” ва “1150-солагии Закариёи Розӣ”-ро бо мақсади воридсозӣ ба феҳристи ҷашнвораҳое, ки аз ҷониби Созмон дар солҳои 2016-2017 таҷлил мегарданд, муҳокима намуд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.