Президент ба сохтмони хатти барқ ва 5 мактаб ҳусни оғоз бахшид

Нимаи дуюми рӯзи 20 апрел Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гузоштани санги асос ба бунёди хатти барқии 500 киловолтаи Душанбе – ноҳияҳои тобеи марказ ва панҷ мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, маросими бошукӯҳи мазкур, ки дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб баргузор гардид, ҳамчунин бо […]

ASIA-Plus



Нимаи дуюми рӯзи 20 апрел Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гузоштани санги асос ба бунёди хатти барқии 500 киловолтаи Душанбе – ноҳияҳои тобеи марказ ва панҷ мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, маросими бошукӯҳи мазкур, ки дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб баргузор гардид, ҳамчунин бо иштироки узви Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин, роҳбари Ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури ин ҳамсоякишвари бузург Чжан Чунсян ҷараён гирифт.

Ба бунёди хатти барқии 500 киловолтаи Душанбе – ноҳияҳои тобеи марказ ва панҷ мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ бо сахт кардани мурбати нахустин симпоя ва гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом аз ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз бахшида шуд.

Зимни суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла зикр гардид, ки хатти барқии 500 киловолтаи Душанбе – ноҳияҳои тобеи марказ ба дарозии 196 километр тӯл кашида, иборат аз 466 симпоя хоҳад буд. Ин лоиҳаи бузург бо харҷи қариб 550 миллион сомонӣ татбиқ шуда, ба амнияти энергетикии кишвар мусоидати фаъол мекунад. Дар доираи ин тадбир ҳамчунин як силсила лоиҳаҳо аз қабили сохтмони зеристгоҳи «Шаҳринав-220 кв», «Ҳисор-110 кв» ва навбати дуюми Маркази дуюми барқу гармидиҳии Душанбе бо тавоноии 300 мегаватт татбиқ хоҳад шуд.

Чунонки иттилоъ дода шуд, 5 макатби нави таҳсилоти ҳамагонӣ барои 7700 хонанда дар 2 баст аз ҷониби ширкати чинии ТВЕА, ки татбиқи ин лоиҳаҳоро бар дӯш дорад, дар шаҳри Душанбе ва чанд ноҳияи дигар бо харҷи 80 миллион сомонӣ сохта мешаванд.

Дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ ҳамчунин узви Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин, роҳбари Ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури ин ҳамсоякишвари бузург Чжан Чунсян ва роҳбари ширкати чинии ТВЕА Чжан Син суханронӣ намуда, аз рушди босуботи муносиботи Тоҷикистону Чин ва татбиқи лоиҳаҳои вобаста ташаббуси ин кишвари бузург доир ба бунёди камарбанди иқтисодии Шоҳроҳи Абрешим изҳори хушҳолӣ намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.