Баррасии дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Норвегия дар Душанбе

Муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидӣ бо ҳайати Шоҳигарии Норвегия таҳти роҳбарии сафири Норвегия дар Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар ш. Остона) Оле Йохан Бёрной дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Норвегия ва инчунин раванди татбиқи лоиҳаҳое, ки аз ҷониби Норвегия дар Тоҷикистон маблағгузорӣ карда […]

ASIA-Plus



Муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидӣ бо ҳайати Шоҳигарии Норвегия таҳти роҳбарии сафири Норвегия дар Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар ш. Остона) Оле Йохан Бёрной дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Норвегия ва инчунин раванди татбиқи лоиҳаҳое, ки аз ҷониби Норвегия дар Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешаванд, муҳокима шуданд. Ҷонибҳо зарурати истифодаи иқтидорҳои мавҷударо ҷиҳати рушди ҳамкории дуҷониба миёни давлатҳо, бахусус дар соҳаи гидроэнергетика қайд намуданд.

Мусоҳибон ҳамчунин оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла вазъият дар Афғонистон, муҳоҷират ва сатҳи ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор намуданд.

Дар анҷоми мулоқот муовини вазири корҳои хориҷӣ сафири Норвегияро ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаи татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» 2005-2015, ки 9-11 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе дар назар аст, даъват намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.