Ташрифи дубораи муовини котиби давлатии ИМА ба Душанбе

Муовини котиби давлатии ИМА Даниэл Розенблум соли равон маротибаи дуюм ба Душанбе ташриф меорад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дипломати амрикоӣ рӯзи 24 апрел бо сафари якрӯзаи корӣ ба Душанбе меояд. Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни сафар ӯ бо намояндагони ҳукумати Тоҷикистон дидору гуфтушунид анҷом дода, маҷмӯи масоили дуҷониба ва […]

Аваз Юлдошев



Муовини котиби давлатии ИМА Даниэл Розенблум соли равон маротибаи дуюм ба Душанбе ташриф меорад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дипломати амрикоӣ рӯзи 24 апрел бо сафари якрӯзаи корӣ ба Душанбе меояд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни сафар ӯ бо намояндагони ҳукумати Тоҷикистон дидору гуфтушунид анҷом дода, маҷмӯи масоили дуҷониба ва сатҳи байнулмилалӣ, густариши робитаҳо дар бахши таъмини амният, муқовимат ба терроризм ва қочоқи маводи мухаддир ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ мекунад.

Даниэл Розенблум  муовини ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба кишварҳои  Осиёи Марказӣ дар Департаменти давлатӣ мебошад. Даниэл Розенблум дар Бюрои Департаменти давлатӣ оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ фаъолият намуда, маъсули сиёсати ИМА ва муносибатҳои дипломатӣ бо панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, аз қабили Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон мебошад.

Қобили зикр аст, ки Даниэл Розенблум  аввали моҳи феврали соли 2015

бо сафари серӯза

аз Тоҷикистон боздид намуда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.