Сарбозони воҳиди таъиноти махсус ва гурӯҳи зудамали Вазорати мудофиаи Тоҷикистон таҳти фармондеҳии подполковник Ҷамол Ҳомидов дар тамринҳои муштараки низомии нерӯҳои таъиноти махсуси кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Токмаки Қирғизистон ширкат меварзанд.
Роҳбари маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки машқҳои низомии мазкур аз 21 то 25 апрел доир гардида, дар онҳо масъалаҳои анҷом додани муқовимати муштараки нерӯҳои таъиноти махсуси кишварҳои узви СҲШ бо таҳдидҳои террористӣ дар шароити кӯҳсор омӯзонидаву дар амал ба иҷро расонида мешаванд.
«Рӯзи 24 апрел баргузории марҳилаи фаъоли тамринҳо бо амалҳои тактикӣ аз ҷониби нерӯҳои таъиноти махсусуси кишварҳо дар самти пешгирӣ ва нобуд кардани гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ дар шароити кӯҳсор ва ҳамчунин иҳотаву аз байн бурдани террористон дар биноҳо, ҳамла ва озод кардани гаравгонон дар назар аст», – гуфт манбаъ.





