Тоҷикистон марзҳои ҷанубиашро мустаҳкам мекунад

Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Шӯрои амният, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, сохторҳои қудратӣ, роҳбарияти Агентии назорати маводи нашъаовар ва Агентии назорати молиявии давлатӣ ва мубориза бо коррупсия ва Фармондеҳи қушунҳои сарҳадӣ машварати корӣ доир намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар машварат бо назардошти авзои кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ […]

ASIA-Plus



Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Шӯрои амният, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, сохторҳои қудратӣ, роҳбарияти Агентии назорати маводи нашъаовар ва Агентии назорати молиявии давлатӣ ва мубориза бо коррупсия ва Фармондеҳи қушунҳои сарҳадӣ машварати корӣ доир намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар машварат бо назардошти авзои кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва махсусан вазъият дар давлати ба мо ҳамсояи Афғонистон, масъалаи таъмини амнияти сарҳадот, мубориза бо терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ шуд.

Доир ба вазъи таъмини амнияти сарҳади миёни Тоҷикистон бо Афғонистон ва бо мақсади мустаҳкам намудани сарҳадот дастур дода шуд, ки барои баланд бардоштани омодагии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва махсусан қӯшунҳои сарҳадии кишвар, дар ҳолатҳои зарурӣ аз сафи эҳтиётиёни ба ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ қарордошта ва дигар сохторҳои низомӣ истифода бурда шавад.

Сарвари давлат хамчунин аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир изҳори нигаронӣ карда, барои пурзур намудани мубориза бо он, доир ба пурзӯр намудани мубориза бо коррупсия, ки аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон эълон гардидааст, дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ба муборизаи беамон ба тақвияти мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, гароиши баъзе ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва дигар ҷинояту қонуншиканиҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.

Дар машварат инчунин рафти иҷрои Фармони Президенти Тоҷикистон дар бораи даъвати навбатии шахрвандон ба хизмати ҳарбӣ баррасӣ ва пурзӯр намудани интизоми ҳарбӣ, беҳсозии таъминоти моддию техникии сохторҳои низомӣ амри муҳим дониста шуд.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.