Тоҷикистон назорат болои маблағгузории аҳзоби сиёсиро пурзӯр карданист



Лоиҳаи тағйироту илова ба қонуни ҶТ «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», ки ахири моҳи март аз ҷониби ҳукумат тасдиқ ва ба баррасии палатаи поёнии парлумон фиристода шуд, пеш аз ҳама ба пурзӯр кардани назорат аз болои маблағгузории аҳзоби сиёсӣ нигаронида шудааст.

Раиси Кумита оид ба масоили байнулмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Олимҷон Салимзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки тағйироту илова меъёрҳои маблағгузории аҳзоби сиёсӣ ва ҳамчунин тарзҳои танзими онро муқаррар мекунанд.

«Тағйироту иловаҳо дар доираи Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо коррупсия ва тавсияҳои ФАТФ бобати пешгирии пулшӯӣ ва маблағҳои бо роҳи ҷинояткорӣ бадастомада таҳия шуд», – қайд кард Салимзода.

ФАТФ – Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ мубориза бар зидди расмикунонии 

пул (Financial Action Task Force on Money Laundering – FATF), созмони байнулмилалиест, ки ба таҳияи меъёрҳои ҷаҳонӣ дар бахши муқовимат бо қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм машғул аст ва ҳамчунин ба мутобиқати низоми ҳуқуқи миллӣ дар кишварҳои гуногун ба ин меъёрҳо баҳогузорӣ мекунад.

spot_imgspot_img

Популярное