Паёми шахсии вазири корҳои хориҷии Эрон ба С.Аслов

Рӯзи 23 апрели соли 2015 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов  сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳуҷҷатуллоҳ Фағониро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар оғози суҳбат Ҳ.Фағонӣ паёми шахсии вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зарифро ба вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон […]

ASIA-Plus



Рӯзи 23 апрели соли 2015 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов  сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳуҷҷатуллоҳ Фағониро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар оғози суҳбат Ҳ.Фағонӣ паёми шахсии вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зарифро ба вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим намуд. Дар рафти суҳбат масъалаҳои ҳамкории амалӣ ва тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаҳои мухталиф ва мутақобилан судман баррасӣ шуданд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин дар робита ба масоили мубрами минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, аз ҷумла таҳкими ҳамкориҳо дар самти мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ табодули назар сурат гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршинос мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер