Нозирони Тоҷикистон дар интихоботи президентии Қазоқистон

Намояндагони Тоҷикистон, ки ба сифати нозирон интихоботи президентии пеш аз муҳлат дар Қазоқистонро пайгирӣ мекунанд, имрӯз, 24 апрел ба Остона сафар карданд. Аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки мутахассисони КМИР Абдуллоҷон Нормуҳаммедов, Муҳаммадборон Зойиров, Парвина Расулова ва Абдулло Холиқов ба сифати нозирони кӯтоҳмуҳлати байнулмилалӣ дар […]

Аваз Юлдошев



Намояндагони Тоҷикистон, ки ба сифати нозирон интихоботи президентии пеш аз муҳлат дар Қазоқистонро пайгирӣ мекунанд, имрӯз, 24 апрел ба Остона сафар карданд.

Аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки мутахассисони КМИР Абдуллоҷон Нормуҳаммедов, Муҳаммадборон Зойиров, Парвина Расулова ва Абдулло Холиқов ба сифати нозирони кӯтоҳмуҳлати байнулмилалӣ дар ҳайати кишварҳои узви ИДМ дар маъракаи мониторинги интихоботи мазкур иштирок мекунанд.

Ғайр аз ин, ду нафар вакилони аз Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ – муовини раиси Кумита оид ба муносибатҳои байнулмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва итттилооти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Ҷамшед Саидов ва узви Кумитаи илм, маориф ва сиёсати ҷаввонони МНМО ҶТ Ҷаббор Аҳмедов низ ба ҳайси нозирон дар маъракаи интихоботи президентии Қазоқистон ҳузур хоҳанд дошт.

Қобили зикр аст, ки Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон ба сифати номзадҳо ба мансаби президентӣ дар ин маърака се довталаб – президенти амалкунандаи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз ҳизби «Нур Отан», номзади Ҳизби комннистии халқӣ Тургун Сиздиков ва раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Қазоқистон Абелгази Кусаиновро ба қайд гирифтааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.