Ифтитоҳи нахустин ҳамоиши тоҷирони Тоҷикистону Фаронса дар Душанбе

Як ҳайати сершумори соҳибкорони Фаронса рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта ҷиҳати иштирок дар кори нахустин ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Фаронса, ки имрӯз ба кор оғоз мекунад, ба шаҳри Душанбе омад. Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, баҳри иштирок дар кори ҳамоиш таҳти раҳбарии муовини раиси Иттиҳодияи соҳибкорони Фаронса MEDEF Филипп Готйе намояндагони […]

ASIA-Plus



Як ҳайати сершумори соҳибкорони Фаронса рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта ҷиҳати иштирок дар кори нахустин ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Фаронса, ки имрӯз ба кор оғоз мекунад, ба шаҳри Душанбе омад.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, баҳри иштирок дар кори ҳамоиш таҳти раҳбарии муовини раиси Иттиҳодияи соҳибкорони Фаронса MEDEF Филипп Готйе намояндагони 22 ширкати муваффақи Фаронса ба пойтахти Тоҷикистон омадаанд.

Дар кори ҳамоиш аз ҷониби Тоҷикистон намояндагони бахши хусусӣ (беш аз 50 ширкатҳои ватанӣ), Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва дигар сохторҳои манфиатдори давлатӣ  ширкат меварзанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистона, ҳайати Фаронса таҳти роҳбарии сафири ин кишвар дар Тоҷикистон Дидйе Леруа қабл аз ҳамоиш бо роҳбарияти Палата мулоқот ороста, зимни вохӯрӣ масоили рушди робитаҳои дуҷониба ва дурнамои тақвияти ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни кишварҳо тавассути баргузории чорабиниҳои муштарак баррасӣ шуданд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли 2014 ҳаҷми умумии муомилоти мол миёни Тоҷикистону Фаронса ҳамагӣ ҳудуди 9 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2013 тақрибан 35% камтар аст. Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти молӣ миёни кишварҳо наздики 3 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.