Дар барномаи «Пусть говорят»-и шабакаи ОРТ-и телевизиони Русия аз ҳаёту эҷодиёти Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, зани қавиирода ва модари ду фарзанд Малика Қаландарова сухан рафт, ки ба «ивази» яке аз фарзандон соҳиби духтар шуд.
Замони шӯравӣ Малика Қаландарова дар ҳамаи консертҳои ҳукуматӣ иштирок ва бо ҳунарнамоии моҳиронааш тамоми мардуми кишварро ба ваҷд меовард. Дар синни 34-солагӣ Малика ба унвони Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ соҳиб шуда, фарҳанги кишварашро дар саросари ҷаҳон муаррифӣ мекард.
Шавҳараш – мусиқанавози маъруф Исҳоқ Гулкоров низ дар сафарҳо ҳамсарашро ҳамроҳӣ мекард. Зимни ин сафарҳо ду писарашон – Марк ва Артурро наздикону пайвандон нигоҳубину сарпарастӣ мекарданд.
Соли 1992 дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардида, оилаи онҳо ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кӯчиданд ва зиндагиро аз нав оғоз намуданд. Барои рӯзгузаронӣ раққосаи машҳур хона ба хона гашта, зарф мефурӯхт.
Аммо бо гузашти вақт ансамбли рақсии Малика Қаландарова дар Амрико низ шуҳрат пайдо кард. Акнун ансамблро барои ҳунарнамоӣ дар идҳои бузург даъват мекунанд. То ин замон писари хурдии хонадон Артур низ аъзои ансамбл гардид. Наврас истеъдоди раққосиро аз модараш мерос гирифта, орзуи ситора шуданро дошт.
Соли 2005 Артур ба Маскав кӯчида, муддати ду сол дар саҳнаҳои бузургу беҳтарин ҳунарнамоӣ кард, вале ин ояндаи пуршуҳратро як сӯ гузошта, боз ба Ню-Йорк баргашт. Ӯ дигар назди тамошобинон пайдо нашуда, баъди чанде ба ҳамешагӣ бедарак шуд ва модари ӯ соҳиби духтари то ин замон барои ҳама номаълуми Самира гардид…
Рӯзи 23 апрел дар барномаи «Пусть говорят» бо Андрей Малахов дар «Шабакаи аввал»и телевизиони Русия Малика Қаландарова ҳикоят кард, ки чӣ гуна ҳанӯз ду сол пеш раққоси маъруф дар ҷаҳону Русия Артур Гулкоров ба Самира Мазал табдил ёфт.
https://www.youtube.com/watch?v=NGxj2g3B22g



