Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар Брюссел муаррифӣ шуд



Дар шаҳри Брюссел Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо, Сафир Рустамҷон Солиев дар вохӯрии чоруми намояндагони созмонҳои минтақавӣ ва дигар ташкилотҳо оид ба дипломатияи боздоранда ва миёнаравӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Бино ба иттилои сафорати ҶТ дар Брюссел, чорабинии мазкур аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Созмони ҳамкории исломӣ барпо гардид.

Зимни баромади худ Сафири Тоҷикистон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро ҳамчун яке аз намунаҳои беҳтарини дастрасӣ ба сулҳу ризоияти миллӣ дар ҳолати низоъҳои дохилидавлатӣ муаррифӣ намуд. Аҳамияти байналмилалии он махсусан таъкид карда шуд.

Қайд гардид, ки он аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун намунаи нодири барқарорсозии сулҳу субот эътироф шудааст. Ӯ иброз дошт, ки дастёбӣ ба сулҳу ризоияти миллӣ бевосита ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вобаста аст.

Иштирокдорони чорабинӣ дастрасӣ ба ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистонро баланд арзёбӣ намуда, зарурати омӯзишу истифодаи таҷрибаи беназири дастёбӣ ба сулҳу ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро барои танзими сулҳомези муноқишаҳои маҳаллӣ таъкид карданд.  

spot_imgspot_img

Популярное