Роҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и назди президенти ҶТ Худойбердӣ Холиқназар зимни суханронӣ дар кори мизи гирд таҳти унвони «Дар бораи мушкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва пешгирии тамоили тундгароӣ ва ифротгароии динӣ» изҳор намуд, ки мушкилоти аввали ба тундгароӣ гаравидани ҷомеа бекорӣ, камбизоатӣ ва коррупсия аст.
«Мутаассифона, кишвари мо дар давраи гузариш қарор дошта, сатҳи камбизоатӣ 32,8%-ро ташкил медиҳад, ки аз ин ҳолат баъзе нерӯҳо истифода мебаранд. Онҳо аз бекории шаҳрвандони мо истифода карда, бо маблағҳои пулӣ онҳоро ҷалб месозанд», – гуфт ӯ.
Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгаро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҷалб шуда, раванди муҳоҷирати корӣ низ ба он таъсир мерасонад. «Ба муҳоҷирони мо мегӯянд, ки онҳоро дар Туркия бо ҷойи кор таъмин мекунанд ва ҳатто билет харида, онҳоро ба Туркия мебаранд, вале чун ба он ҷо расиданд, шиносномаҳои онҳоро мегиранд ва муҳоҷирон намедонанд, ки минбаъд онҳоро ба куҷо мебаранд», – қайд кард роҳбари МТС.
Ӯ фаъолияти сафорати Тоҷикистон дар Русия ва Хадамоти муҳоҷиратро дар ин самт мавриди интиқод қарор дода, ба имомхатибон ва мутахассисони Маркази исломӣ ва Маркази исломшиносӣ тавсия дод, ки барои корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни муҳоҷирон ба Русия раванд.
Холиқназар пешниҳод намуд, ки омӯзиши таърихи Ислом дар мактабҳо дубора барқарор карда шавад. «Коршиносон бар ин назаранд, ки ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ бояд дурусту саҳеҳ таърихи ислом омӯзонида шуда, толибилмон бо исломи анъанавӣ шинос бошанд. Хуб мебуд агар мақомоти дахлдор сари ин масъала баргашта, ба ҷонибдории омӯзиши асосҳои исломи анъанавӣ пешниҳодҳо мекарданд», – иброз дошт ӯ.
Роҳбари МТС ба Вазорати корҳои дохилӣ тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо шахсони аз маҳбасҳо озодшударо пешниҳод намуда, изҳор кард, ки муаҳбусони ба ҷурми тундгароиву ифротгароӣ маҳкумшуда дар ҳуҷраҳои алоҳида нигаҳдорӣ шаванд.
Ӯ ҳамчунин пешниҳод кард, ки назорат аз болои зойирин низ пурзӯр карда шавад, зеро шаҳрвандони Тоҷикистонро дар маросими адои ҳаҷ низ ба гурӯҳҳои тундгарову ифротгаро ҷалб карданӣ мешаванд.
Худойбердӣ Холиқназар ба Хадамоти гумрук тавсия дод, ки воридоти сатру дигар навъи сарулибоси арабӣ ба Тоҷикистонро боздорад.



