Муҷассамаи аввалин Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон Неъмат Қарабоев дар мактаби деҳааш қомат афрохт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд бо истинод ба мақомоти маҳаллӣ дар шаҳри Конибодом, Неъмат Қарабоев аввалин Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ буда, дар деҳаи Шаҳидқароянтоқи шаҳри Конибодом таваллуд шудааст.
Гуфта мешавад, мактаби таҳислоти миёнаи умумии №16-и ин деҳа аз соли 1966 инҷониб ба номи Неъмат Қарабоев гузошта шудааст ва инак дар арафаи 70-солагии Иди Ғалаба ҳайкали худи қаҳрамон низ дар ин мактаб гузошта шудааст.
Сухангӯи раиси шаҳри Конибодом Шаҳригул Сиддиқова ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар арафаи ҷашни Ғалаба ба ин муносибат дар мактаби ба номи қаҳрамон бо иштироки аҳли ҷомеа, собиқадорони ҷангу меҳнат ва толибилмони мактаб чорабинии тантанавӣ доир гардид.
Ба гуфтаи Ш.Сиддиқова, ба ифтихори 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо ибтикори сокинони деҳаи Шаҳидқароянтоқ таҳти унвони «Писарони шуҷоатманди як деҳа» китобе ба нашр расидааст, ки дар он ҳаёт ва фаъолияти ҳамаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ин деҳа инъикос ёфтааст.
«Дар вазъи тантанавӣ нусхаи аввалини ин китоб ба хешону наздикони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Неъмат Қарабоев тақдим гардид», – иброз дошт номбурда.



