GIZ: Ҳукумати Тоҷикистон бояд аз фишори маъмурӣ дар бозори асъор даст кашад

Коршиносони байнулмилалӣ аз мақомоти назорат ва танзими бозори асъори Тоҷикистон даъват мекунанд, ки дар ин самт аз фишорҳои маъмурӣ даст кашанд ва бар ин назаранд, ки чунин амалҳо ба рушди бозори пасипардагӣ боис мегардад. «Амалҳои ғайриинтизор ва манъкуниҳои Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ва ҳамчунин таҳдидҳои мақомоти прокуратура дарвоқеъ ҳам метавонанд ба рушди бозори хариду фурӯши […]

Пайрав Чоршанбиев



Коршиносони байнулмилалӣ аз мақомоти назорат ва танзими бозори асъори Тоҷикистон даъват мекунанд, ки дар ин самт аз фишорҳои маъмурӣ даст кашанд ва бар ин назаранд, ки чунин амалҳо ба рушди бозори пасипардагӣ боис мегардад.

«Амалҳои ғайриинтизор ва манъкуниҳои Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ва ҳамчунин таҳдидҳои мақомоти прокуратура дарвоқеъ ҳам метавонанд ба рушди бозори хариду фурӯши пасипардагии асъори хориҷӣ оварда расонанд», – баён мегардад дар «Гузориши иқтисоди Тоҷикистон», ки бори навбатӣ аз ҷониби Ҷамъияти ҳамкории байнулмилалии Олмон (GIZ) интишор шуд.

Дар гузориш қайд мешавад, ки БМТ бо қарори худ аз 16 апрел фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори хусусиро боздошта, танҳо ба нуқтаҳои мубодилаи асъори ташкилотҳои қарзӣ иҷозати кор дода шуд.

«Ҳамин тариқ, муддати як шабонарӯз аз 1581 нуқтаҳои мубодилаи асъор фаъолияти 818-тоаш қатъ гардида, нимаи дуюми моҳи апрел чанде аз ин нуқтаҳо ҳуҷҷатҳои худро аз нав ба қайд гирифтанд ва ҳамчун воҳиди ташкилотҳои қарзӣ дубора ба фаъолият шурӯъ намуданд. БМТ изҳор дошт, ки ҳадаф аз ин иқдом таҳкими устувории бозори асъор ва ба эътидол овардани қурби арзи миллӣ аст», – таъкид месозанд муаллифони гузориш.

Ҳамчунин дар гузориш ба изҳороти Прокуратураи генералӣ дар бораи фаъолият дар бозори асъор ва огаҳӣ аз оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати қонуншиканон дар самти муомилот бо асъори хориҷӣ низ ишора мешавад.

«Сарфи назар аз фишори маъмурӣ дар бозори асъор, моҳи апрели соли 2015 қурби арзи миллӣ (сомонӣ) нисбати доллари ИМА ба андозаи 7% поин рафт», – илова мешавад дар гузориши GIZ.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.