Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Date:



Анонс




– 16


май



Бунёди ба номи Конрад Аденауэр ва Маркази омӯзиши Афғонистон ва минтақа дар меҳмонхонаи «Лотус»-и пойтахт дар мавзӯи «Чолишҳои нав дар бахши амнияти Осиёи Марказӣ» мизи гирди байнулмилалӣ барпо мекунанд. Оғоз соати 10-00;


– 16


май



дар кулби Manhattan салони адабии адибаи муосир ва шоира Аниса Собирӣ доир мегардад, ки дар он таҳти мусиқии зинда шоирони маъруф ва ҳамчунин муаллифони начандон шинохта иштироку суханронӣ мекунанд. Оғоз соати 19-00;


– 16


май



дар Театри давлатии русии ба номи В.Маяковский маросими ифтитоҳи Ҷашнвора-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои ҷавонон «Нигоҳи нав» баргузор мешавад. Оғоз соати 10-00;


– 16


май



дар Душанбе бахшида ба ҷашни Рӯзи Ғалаба мусбиқаи футболи хурд оғоз мегардад. Бозиҳои мусобиқа дар майдонҳои сунъии назди Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мегарданд;


– 17


май



дар Тоҷикистон маъмулан Рӯзи дави миллӣ баргузор мешавад. Масофа аз маҳаллаи «Чорбоғ»-и ноҳияи Варзоб оғоз гардида, дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт ба итмом мерасад.



Қ


урби




асъор



Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

6.2860

сомонӣ;


1

евро –

7.1291

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.128


0



сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих




16 Май


1703 —

Таъсиси шаҳри Санкт-Петербург ва оғози бунёди қасри Петропавловск.


1967 –

Дар Ленинград як миқдори нахустини телевизорҳои рангаи «Радуга» истеҳсол шуд.


1975




Нахустин зан, шаҳрванди Ҷопон Юнко Табен қуллаи Эверестро фатҳ намуд.


2007

— Президенти ҶТ қогун «Дар бораи афви шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқи дар робита ба қонунигардонии амвол»-ро ба имзо расонид.


2011

— Дар Душанбе Ҷашнвораи байнулмилалии ҳунари  касбии мусиқии «Баҳористон» баргузор шуд.


1903-1973

– Зодрӯзи оҳангсоз ва сароянда, дорандаи Ҷоизаи ба номи А.Рӯдакӣ Шоҳназар Соҳибов.


1932

– Мавлуди олим-токсиколог, доктори илмҳои тиббӣ Абдулло Яқубов.


1935-2008

– Зодрӯзи оҳангсоз, коргардон ва сароянда Саидмурод Ҳотамов.


1938

– Мавлуди адабиётшинос Юсуф Акбаров.


17 Май


2002

– Миёни Тоҷикистону Ҷумҳурии Мардумии Чин Созишномаи иловагӣ дар бораи марзи давлатӣ, Эъломияи муштарак ва Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи ҳамкорӣ дар бахши комплекси энергетикӣ ва сӯзишворӣ ба имзо расиданд.


2003

– Шабакаи радиои «Азия-Плюс» таҳти сарпарастии президенти ҷумҳурӣ маросими нахустини тақдими Ҷоизаҳо дар соҳаи мусиқии муосир – «Суруди сол-2003»-ро баргузор намуд.


2007

— Швейтсария ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба маблағи 145 ҳазор доллари ИМА китобҳо тақдим намуд.


2012

— Парлумон ба Кодекси андози ҶТ тағйироту иловаи марбут ба бекор кардани ААИ аз хизматгузориҳои аэронавигатсиониро ворид кард.


2012

— Дар пойтахти ИМА миёни Тоҷикистону ИМА машваратҳо доир гардиданд.


1934

– Зодрӯзи шоири ӯзбекзабони Тоҷикистон Ӯлмас Ҷамол.


1948

– Мавлуди сарояндаи опера, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Низом Ҳамробоев.


1964

– Зодрӯзи нависанда ва драматург Тоҳири Муҳаммадризо.


1973

— Мавлуди журналист Хуршед Андамов.



Вазъи обуҳаво


16 Май


Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +27+32, дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +21+26.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +30+35, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +17+22.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.  

Ҳарорат: дар ғарб шабона +8+13, рӯзона +24+29; дар шарқи вилоят шабона 0-5, рӯзона +8+13.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +30+35, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +20+25.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, нимаи дуюми рӯз борони кӯтоҳмуддат меборад.       

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +32+34.


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.    

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +29+31.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +25+27.


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад. 

Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +30+32.


17 Май


Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +20+25, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +16+21.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +19+24, дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +13+18.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.  

Ҳарорат: дар ғарб шабона +6+11, рӯзона +18+23; дар шарқи вилоят шабона 0-5, рӯзона +8+13.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +26+31, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +17+22.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.       

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +20+22.


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.    

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +26+28.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +25+27.


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ. 

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +25+27.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...