Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон қариб 12% коҳиш ёфт

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-апрели соли равон каме бештар аз 1,3 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,8% камтар аст. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тавозуни савдо дар ин давра маъмулан манфӣ ва муодили 741,4 млн. доллари ИМА шудааст. Соли ҷорӣ Тоҷикистон бо […]

Пайрав Чоршанбиев



Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-апрели соли равон каме бештар аз 1,3 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,8% камтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тавозуни савдо дар ин давра маъмулан манфӣ ва муодили 741,4 млн. доллари ИМА шудааст. Соли ҷорӣ Тоҷикистон бо 77 кишвари дунё, аз ҷумла 10 кишвари узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 67 кишвари хориҷи дур муомилоти молӣ анҷом додааст.

Дар 4 моҳи соли 2015 ҳаҷми содироти мол 289,5 млн. $-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 ба миқдори 17% ё худ 42,1 млн. доллари ИМА  зиёдтар мебошад. Дар ин давра ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 1 млрд. 30,4 млн. $ маҳсулот ворид гардидааст, ки нисбат ба соли пешин 17,5% ё худ 218,7 млн. $ камтар аст.

Шарики асосии Тоҷикистон дар муомилоти мол дар 4 моҳи соли ҷорӣ Русия буда, ҳаҷми муомилоти моли хориҷии кишвар бо он 358 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар ин давра ҳаҷми муомилоти моли Тоҷикистон бо Қазоқистон – 215 млн. $, Чин – 142 млн. $, Туркия – 127 млн. $ ва Швейтсария – 113 млн. $-ро ташкил додааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.