Ба Бонки миллӣ худдорӣ аз харҷи захираҳои тиллову асъорро тавсия медиҳанд

Ба Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) худдорӣ варзидан аз воридоти маблағҳои пулӣ ба бозори асъори кишварро дар робита ба ниҳоят маҳдуд будани захираҳои байнулмилалии он тавсия медиҳанд. «Воситаҳои Бонки миллӣ дар қисмати захираҳои тиллову асъор воқеъан ҳам хеле маҳдуданд. Тибқи маълумоти гуногун, айни замон ин захираҳо ҳудуди 300-400 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд ва он аз […]

Пайрав Чоршанбиев



Ба Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) худдорӣ варзидан аз воридоти маблағҳои пулӣ ба бозори асъори кишварро дар робита ба ниҳоят маҳдуд будани захираҳои байнулмилалии он тавсия медиҳанд.

«Воситаҳои Бонки миллӣ дар қисмати захираҳои тиллову асъор воқеъан ҳам хеле маҳдуданд. Тибқи маълумоти гуногун, айни замон ин захираҳо ҳудуди 300-400 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд ва он аз эквиваленти 0,6 моҳ нисбат ба воридот пасттар мебошанд. Аз ин рӯ, ҳатто воридоти маблағи пулии начандон зиёд ба бозори нақдӣ ва дохилибонкии асъор ба хотири нигаҳдории захираҳои дар сатҳи ғайриқаноатбахш қарордошта, мувофиқи мақсад нест», – гуфт дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» коршиноси масоили бахши молия Анвар Камолов.

Ёдрас мекунем, ки аввали соли равон зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе намояндагони БМТ иттилоъ доданд, ки ҳаҷми захираҳои байнулмилалии бонк дар ифодаи пулӣ бо шумули захираҳои асъори байнулмилалӣ, коғазҳои қиматнок ва ҳамчунин тиллои монетарӣ бо вазни 11 тонна ҳудуди 481 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд.

Нимаи моҳи март бо афзоиши фишор болои арзи миллӣ БМТ изҳор намуд, ки ҳаҷми ҳамарӯзаи воридоти маблаги пулӣ ба аз 1,5 млн. то 3 млн. доллари ИМА расидааст, аммо дар БМТ шарҳ дода буданд, ки «воридоти пул на аз ҳисоби захираҳои тиллову асъор, ки ҳамагон чунин фикр доранд, балки аз ҳисоби даромадҳои бадастомада аз муомилоти бонкӣ сурат мегирад».

Дар робита ба маҳдуд будани захираҳои тиллову асъори Бонки миллӣ, Анвар Камолов изҳори умедворӣ намуд, ки «ақли солим боло гирифта, асъори миллӣ беҳад зиёд танзим ва пасипарда намеравад, ки метавонад ба пайдо шудани бозори сиёҳ боис гардад».

Дар ҳамин ҳол, коршинос бар ин назар аст, ки Бонки миллӣ бояд ба пурзӯр кардани назорати муомилоти ғайриқонунии марбут ба асъор ва пешгирии ҳаннотӣ дар бозор асъор идома бидиҳад. «Ифтитоҳи як қисмате аз нуқтаҳои мубодилаи асъорро имконпазир мешуморам, вале онҳо бояд таҳти назорат бонкҳо бошанд», – афзуд ӯ.

Мавриди зикр аст, ки коршиносони байнулмилалӣ аз мақомоти назорат ва танзими бозори асъори Тоҷикистон даъват мекунанд, ки дар ин самт

аз фишорҳои маъмурӣ даст кашанд

ва бар ин назаранд, ки чунин амалҳо ба рушди бозори пасипардагӣ боис мегардад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.