Раҳбарияти нави БМТ сомониро аз буҳрон раҳо карданист

Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки имрӯз, 20 май таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, аз фармонҳои президенти мамлакат аз 13 май дар бораи таъини Лола Салимова (собиқ муовини раиси «Ориёнбонк»), Умед Латифов (собиқ директори ширкати сармоягузорӣ дар ИМА ва бародари хурдии раиси […]

Аваз Юлдошев



Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки имрӯз, 20 май таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, аз фармонҳои президенти мамлакат аз 13 май дар бораи таъини Лола Салимова (собиқ муовини раиси «Ориёнбонк»), Умед Латифов (собиқ директори ширкати сармоягузорӣ дар ИМА ва бародари хурдии раиси ҲАТ ва вакили парлумон Рустам Латифзода) ва Сироҷиддин Икромов (собиқ муовини раиси «Амонатбонк») ба вазифаи муовинони раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ҷонибдорӣ карда шуд.

Лола Салимова дар посух ба саволҳои вакилони парлумон изҳор намуд, ки бахши бонкӣ ва иқтисоди Тоҷикистон аз омилҳои беруна хеле осебпазиранд. «Афтиши кунунии қурби арзи миллии Тоҷикистон пешгӯишаванда буд, вале мутаассифона, Бонки миллӣ ба он омода набуд», – қайд кард Салимова.

Дар навбати худ Сироҷиддин Икромов зикр кард, ки вазифаи асосии раҳбарияти нави БМТ таҳияи барномаи раҳоии пули миллӣ аз буҳрон аст. «Натиҷаҳои кори раҳбарияти нави бонк ояндаи наздик маълум хоҳанд шуд», – таъкид дошт ӯ.

Ба гуфтаи раиси БМТ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, вазифаи аввалиндараҷаи раҳбарияти нави бонк афзоиши ҳаҷми захираҳои тиллову асъори кишвар дар баробари коҳиши пули нақд дар муомилот аст.

Дар посух ба саволи раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров раиси Бонки миллӣ изҳор намуд, ки таҷрибаи Қирғизистон ҷиҳати устувор сохтани мавқеъи арзи миллӣ ба воситаи ба фурӯш гузоштани захираҳои тилло барои Тоҷикистон қобили қабул нест. «Баръакс, мо захираҳои тиллоро зиёд мекунем», – таъкид дошт ӯ.

Муовини аввали раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев низ зимни суханронӣ дар парлумон қайд кард, ки устувор шудани қурби асъори миллӣ нисбати доллари ИМА оғоз гардидааст. «Агар аввали моҳи май дар бозори сиёҳ барои 1 доллар 6 сомониву 84 дирам медоданд, пас имрӯз он ба 6 сомониву 57 дирам баробар шудааст», – гуфт Нуралиев.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.