Шиддати вазъ дар Афғонистон ва эҳтимоли афзоиши шумори ҳайати пойгоҳи 201-уми Русия

Дар мусоҳиба ба хабаргузории «Азия-Плюс» директори Маркази омӯзиши Афғонистони муосир Умар Ниссор изҳор дошт, ки шояд шиддати вазъ дар Афғонистон ба афзоиши шумори ҳайати пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон боис гардад. «Қобили таваҷҷуҳ аст, ки шиддатёбии вазъ дар шимоли Афғонистон қариб дар як замон бо хурӯҷи қисматҳои асосии нерӯҳои эътилофи ғарбӣ аз кишвар шурӯъ […]

ASIA-Plus



Дар мусоҳиба ба хабаргузории «Азия-Плюс» директори Маркази омӯзиши Афғонистони муосир Умар Ниссор изҳор дошт, ки шояд шиддати вазъ дар Афғонистон ба афзоиши шумори ҳайати пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон боис гардад.

«Қобили таваҷҷуҳ аст, ки шиддатёбии вазъ дар шимоли Афғонистон қариб дар як замон бо хурӯҷи қисматҳои асосии нерӯҳои эътилофи ғарбӣ аз кишвар шурӯъ шуд. Бешубҳа, вазъи мавҷуда кишварҳои минтақа, пеш аз ҳама кишварҳои ҳамҷавори собиқи шӯравии Осиёи Миёна бо Афғонистонро ба таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба ин масъала водор месозад ва қабл аз ҳама бо ин сабаб, ки маълумоти аз шимоли Афғонистон дастрасмешуда зидду нақиз ва кофӣ набуда, арзёбӣ ва таҳлили вазъи воқеъиро мушкил месозад», – иброз дошт коршинос.

Ба ҳар ҳол, ӯ ба кофӣ будани иқтидору нерӯ ва имконоти гурӯҳҳои мусаллаҳи дар он сӯи дарёи Панҷ ҷамъомада ҷиҳати убури бузургмиқёси марз шубҳа дорад. «Бо вуҷуди ин, хоҳ нохоҳ вазъи кунунӣ дар шимоли Афғонистон аллакай СААД-ро водор намуд, ки дар минтақаи назди марзи Тоҷикистону Афғонистон шояд бузургтарин размоиши низомӣ тайи солҳои ахирро баргузор кунад», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.