Эҳтимоли баста шудани нақби «Истиқлол» замони корҳои бозсозӣ

Эҳтимоли баста шудани нақби мошингарди «Истиқлол», ки маркази ҷумҳуриро бо минтақи шимли кишвар мепайвандад, хеле ночиз аст. Аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки барои муваққатан қатъ кардани ҳаракати нақлиёт тавассути ин нақб қарори дахлдори ҳукумат ва дастури муштараки Вазорати нақлиёт ва Вазорати корҳои дохилӣ зарур аст, ки алҳол чунин […]

Пайрав Чоршанбиев



Эҳтимоли баста шудани нақби мошингарди «Истиқлол», ки маркази ҷумҳуриро бо минтақи шимли кишвар мепайвандад, хеле ночиз аст.

Аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки барои муваққатан қатъ кардани ҳаракати нақлиёт тавассути ин нақб қарори дахлдори ҳукумат ва дастури муштараки Вазорати нақлиёт ва Вазорати корҳои дохилӣ зарур аст, ки алҳол чунин санадҳо ба имзо нарасидаанд.

Мутахассисони Вазорати нақлиёти ҶТ бар ин назаранд, ки барои комилан қатъ кардани ҳаракати нақлиёт тариқи ин нақб дар давраи иҷрои корҳои бозсозии пешбинишудаи он зарурати зиёде вуҷуд надорад.

«Бо роҳандозии иҷозаи ҳаракати навъҳои муайяни воситаҳои нақлиёт, метавон реҷаи ҳаракати автомашинаҳо тариқи нақб дар давраи корҳои бозсозиро омода намуд. Автомашинаҳои бузургҳаҷм тавассути роҳи ағбаи Анзоб ҳаракат карда метавонанд, ки айни замон дар он корҳои таъмиру тозакунии роҳ идома доранд», – гуфтанд дар Вазорат.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон низ корҳои бозсозӣ дар нақби «Истиқлол» ҷараён дошта, аммо корҳои бозсозии пурраи нақб моҳи июни соли ҷорӣ шурӯъ мешаванд.

«Барои анҷоми ин корҳо воситаҳои зарурӣ комилан мавҷуданд ва пурра ба итмом расидани корҳои бозсозии нақби мазкур моҳи ноябри ҳамин сол дар назар аст», – зикр карданд дар Вазорати нақлиёт.

Ёдрас мекунем, ки соли 2003 Тоҷикистону Эрон дар бораи идомаи сохтмони нақби «Истиқлол» созишнома ба имзо расонида, ҳаҷми маблағгузорӣ 39 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Аз ин миқдор 10 млн. $ маблағгузории бурсии ҳукумати Эрон, 7,8 млн. $ – ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон ва 21,2 млн. $ – қарзи ҷониби Эрон буд. Ҳарчанд маросими ба истифода додани он ҳанӯз соли 2006 доир гардида бошад ҳам, сохтмони он то ҳанӯз идома дорад.

Моҳи апрели соли гузашта ширкати эронии «Собир» корҳои бозсозии нақби «Истиқлол»-ро дубора барқарор кард.

Қаблан ҳукуматҳои Тоҷикистону Эрон ба мувофиқа расида буданд, ки барои комилан ба анҷом расидани сохтмони нақб дар ҳаҷми 6 млн. $ иловатан маблағгузорӣ мекунанд. Ҷонибҳо уҳдадор шуда буданд, ки барои иҷрои корҳои боқимонда дар нақб ҳар кадоме 3 млн. $ маблағ ҷудо мекунанд.

Нақби «Истиқлол» дар 90 километрии шимоли Душанбе, дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд воқеъ буда, аз зери ағбаи баландкӯҳи Анзоб мегузарад. Масофаи нақби «Истиқлол» 5,2 километрро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.