Боздиди сафири Фаластин аз парлумони Тоҷикистон

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров сафири Давлати Фаластин дар Тоҷикистон (қароргоҳ дар ш.Тошканд) Муҳаммад Абдулло Таршаҳониро ба ҳузур пазируфт. Тавре як манбаъ аз палатаи поёнии парлумони кишвар ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, зимни мулоқот масоили густариши ҳамкориҳо ҳам дар шакли дуҷонибаву ҳам дар доираи созмонҳои байнулмилалӣ баррасӣ шуданд. Ба иттилои […]

Аваз Юлдошев



Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров сафири Давлати Фаластин дар Тоҷикистон (қароргоҳ дар ш.Тошканд) Муҳаммад Абдулло Таршаҳониро ба ҳузур пазируфт.

Тавре як манбаъ аз палатаи поёнии парлумони кишвар ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, зимни мулоқот масоили густариши ҳамкориҳо ҳам дар шакли дуҷонибаву ҳам дар доираи созмонҳои байнулмилалӣ баррасӣ шуданд.

Ба иттилои манбаъ, сафири Фаластин изҳор доштааст, ки кишвараш ба омӯзиши таҷрибаи Тоҷикистон дар ноил гардидан ба сулҳу созиш дар ҷумҳурӣ ва ҳамчунин ҳалли мушкилот дар раванди муҳоҷират таваҷҷуҳ дорад.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷараёни дидору гуфтушунид ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои таъмини амнияту субот дар минтақаи Шарқи Наздику Афғонистон ва роҳандозии муколама миёни тамаддунҳо ва динҳои саросари ҷаҳон табодули назар намудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.