Президент губернатори вилояти Ивановои Русияро ба ҳузур пазируфт

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон губернатори вилояти Ивановои Федератсияи Русия Павел Конковро ба ҳузур пазируфта, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия, аз ҷумла робитаҳои байниминтақавии ду кишвар баррасӣ шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон аз муҳтавои муносиботи Тоҷикистону Русия изҳори қаноат карда, аз ҷумла зикр намуд, ки “Федератсияи Русия шарики асосии […]

ASIA-Plus



Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон губернатори вилояти Ивановои Федератсияи Русия Павел Конковро ба ҳузур пазируфта, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия, аз ҷумла робитаҳои байниминтақавии ду кишвар баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон аз муҳтавои муносиботи Тоҷикистону Русия изҳори қаноат карда, аз ҷумла зикр намуд, ки “Федератсияи Русия шарики асосии сармоягузори Тоҷикистон буду ҳаст, зеро ҳоло наздики 50% сармоягузории мустақими хориҷӣ ба иқтисоди кишвар ба ин шарики стратегии мо рост меояд”.

Таъкид гардид, ки “бояд ин тамоюл натанҳо нигоҳ дошта шавад, балки густариш ёбад”.

Бо таваҷҷуҳи махсус ба робитаҳои миёни минтақаҳои ду кишвар, аз ҷумла миёни вилоятҳои Суғду Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Ивановои Русия таъкид гардид, ки дурнамои чунин ҳамкорӣ басо умедворкунанда аст.

Тазаккур дода шуд, ки ҳоло миёни минтақаҳои ду кишвар беш аз 75 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Рушди ҳамкорӣ бо вилояти Ивановои Русия дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт, сохтмон, технологияҳои муосир, кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ чун пахта, меваю сабзавот ва ба роҳ мондани содироти маҳсулоти хушсифат дорои дурнамои хуб номида шуд.

Ба масоили муташаккилона ба роҳ мондани фаъолияти муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг сурат гирифт. Ёдоварӣ шуд, ки ҳоло 500 донишҷӯи тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии воқеъ дар вилояти Ивановои Русия таҳсил мекунанд ва имкон дорад ин шумора оянда хеле афзун гардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.