Дарёфти беш аз 75 кило маводи мухаддир дар автомашинаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ

Кормандони милиса рӯзи 25 май зимни баргузории чорабиниҳои махсус дар қаламрави шаҳри Душанбе сокини 41-солаи ноҳияи Ҳамадонии ҳаммарз бо Афғонистонро ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт намуданд. Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин хабар менависад, боздоштшуда қаблан мутобиқи моддаи 335-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Убури ғайриқонунии марзи давлатии Тоҷикистон) махкум шудааст. […]

Аваз Юлдошев



Кормандони милиса рӯзи 25 май зимни баргузории чорабиниҳои махсус дар қаламрави шаҳри Душанбе сокини 41-солаи ноҳияи Ҳамадонии ҳаммарз бо Афғонистонро ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт намуданд.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин хабар менависад, боздоштшуда қаблан мутобиқи моддаи 335-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Убури ғайриқонунии марзи давлатии Тоҷикистон) махкум шудааст.

Гуфта мешавад, ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи тамғаи «Лексус RX-330»-и мутааллиқ ба ӯ аз дохили бағочаш беш аз 75 кило маводи нашъаовари навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио