БМТ сабабҳои коҳиши босуръати қурби долларро шарҳ дод

Дар пойтахти Тоҷикистон тамоили беқурбшавии доллари ИМА нисбати сомонӣ идома дорад. Рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта қурби хариду фурӯши доллари амрикоӣ то 6,30-6,32 сомонӣ ва имрӯз, 27 май то ба 6,22-6,24 сомонӣ поин рафт. Қобили зикр аст, ки раванди коҳиши қурби доллари ИМА нисбати сомонӣ рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта оғоз гардид. Рӯзи душанбеи ҳафтаи нав қурби […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар пойтахти Тоҷикистон тамоили беқурбшавии доллари ИМА нисбати сомонӣ идома дорад. Рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта қурби хариду фурӯши доллари амрикоӣ то 6,30-6,32 сомонӣ ва имрӯз, 27 май то ба 6,22-6,24 сомонӣ поин рафт.

Қобили зикр аст, ки раванди коҳиши қурби доллари ИМА нисбати сомонӣ рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта оғоз гардид. Рӯзи душанбеи ҳафтаи нав қурби доллари ИМА аз 6,52-6,54 сомонӣ то 6,40-6,42 сомонӣ коҳиш ёфт.

Дар Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) тамоили мазкурро ба тадбирҳои роҳандозишуда аз ҷониби раҳбарияти нави бонк дар ҳамдастӣ бо дигар бонкҳои кишвар, кам шудани талабот ба асъори амрикоӣ ва ҳамчунин афзоиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони корӣ марбут медонанд.

«Бонки миллӣ ҳамроҳ бо ташкилотҳои қарзӣ дар бозори асъори кишвар фаъолона амал карда, равандаҳои ҷорӣ дар онро назорат мекунад. Вазъ рӯз то рӯз беҳтар мешавад ва айни замон талабот ба асъори хориҷӣ дар ҳаҷми пурра таъмин карда мешавад», – гуфтанд ба «Азия-Плюс» дар Бонки миллӣ.

Дар идома манбаъ қайд кард, ки оғози мавсими ҷамъоварӣ ва фурӯши ҳосили нави маҳсулоти кишоварзӣ низ ба коҳиши талабот ба асъори хориҷӣ мусоидат мекунад. «Имрӯз дар бозорҳои ҷумҳурӣ маҳсулоти кишоварзии ватанӣ пайдо шуда, онро алҳол аз дигар кишварҳо ворид намекунанд, ки мутаносибан талабот ба як ҳаҷми муайяни асъор камтар мешавад, ки қаблан ба хориҷи кишвар ҷиҳати харидории маҳсулоти кишоварзӣ бароварда мешуд», – иброз дошт манбаъ.

Ғайр аз ин, таъкид доштанд дар БМТ, аз аввали моҳи апрел тамоили афзоиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз ҷониби муҳоҷирони корӣ азхориҷи кишвар оғоз гардид. Бино ба маълумоти манбаъ, дар муқоиса бо моҳи март, моҳи апрели соли ҷорӣ ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии зикршуда ба андозаи 13% афзуда, ин тамоил моҳи ҷорӣ низ идома меёбад.

Дар ҳамин ҳол, дар БМТ дахолати худ ба бозори асъор тариқи ворид кардани маблағ ба онро қотеъона рад мекунанд. «Аз 13 март Бонки миллӣ ба бевосита ворид намудани асъор ба бозори нақдӣ (интервенсия) хотима бахшид ва аз ҳамон рӯз дигар дар ин бозор чунин амалиётҳо намегузаронад», – таъкид доштанд дар БМТ.

Дар ин робита

чанде аз коршиносони

бахши молияву иқтисоди кишвар низ ба хабаргузории «Азия-Плюс»

фикру андешаҳои

худро изҳор намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.