БМТ аз бетағйиру доимӣ мондани сиёсати қурбӣ маълумот медиҳад

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) маълумот медиҳад, ки давоми ҳафтаи равон қурби доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ раванди пастравиро касб кард. Тибқи маълумоти танзимгар, тадриҷан дар санаи 28 майи соли 2015 ба ҳисоби миёна арзиши хариди доллари амрикоӣ то 6,1700 сомонӣ ва фурӯшаш то 6,1900 сомонӣ барои 1 доллари ИМА паст фаромад. Дар маълумот […]

ASIA-Plus



Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) маълумот медиҳад, ки давоми ҳафтаи равон қурби доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ раванди пастравиро касб кард.

Тибқи маълумоти танзимгар, тадриҷан дар санаи 28 майи соли 2015 ба ҳисоби миёна арзиши хариди доллари амрикоӣ то 6,1700 сомонӣ ва фурӯшаш то 6,1900 сомонӣ барои 1 доллари ИМА паст фаромад.

Дар маълумот қайд мешавад, ки айни замон, дар ин рӯз қурби расмӣ 6,2685 сомонӣ барои 1 доллари ИМА ва қурби муқарраркардаи БМТ барои нуқтаҳои мубодилаи асъор то 6,52 сомонӣ харид ва то 6,54 сомонӣ фурӯш барои 1 доллари ИМА баробар буда, аз бетағйиру доимӣ ва пай дар пай боқӣ мондани сиёсати қурбии Бонки миллии Тоҷикистон дар моҳи май шаҳодат медиҳад.

Дар Бонки миллӣ сабабҳои паст шудани қурби доллари ИМА-и нақдиро аз як тараф ба зиёд шудани пешниҳоди он ба бозори дохилӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ, барқарор шудани тамоми манбаҳои ворид шудани асъори хориҷӣ ба ҷумҳурӣ, аз ҷумла аз содирот ва интиқоли пулии шаҳрвандон, кам шудани ҳаҷми асъори аз ҷумҳурӣ ба хориҷа бароянда марбут медонанд.

«Аз тарафи дигар пурзӯр шудани назорати истифодаи асъори хориҷӣ дар муомилот, зарурияти танҳо бо сомонӣ харидорӣ шудани молҳои гаронарзишро ба миён овард ва талаботро ба доллари ИМА-и нақдӣ кам кард», – омадааст дар маълумоти танзимгар.

Яке аз омилаи дигари коҳиши талабот ба асъори нақди хориҷиро дар БМТ ба фароҳам овардани шароиту имконияти бо сомонӣ пардохт кардани қарзи асосӣ ва фоизҳои қарзии бо асъори хориҷӣ гирифтаи шахсони воқеъӣ нисбат медиҳанд.

Дар Бонки миллӣ бовар доранд, ки ҳамаи ин омилҳо барои ба эътидол омадани қурби сомонӣ ва барқарор гаштани суботу муназзамии фаъолияти бозори нақдии асъор мусоидат намуда, минбаъд низ ҳамин сиёсати қурбӣ пайгирона амалӣ хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро низ, дар ин давра каме паст шуда, мувофиқан ба 0,1210-0,1230 сомонӣ барои як рубли русӣ ва ба 6,8990-6,9350 сомонӣ барои як евро баробар шуданд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.