Омодагии Тоҷикистону Русия ба имзои боз 4 созишнома дар бахши муҳоҷират

Ахири ҳафтаи равон дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи  10-ми  Гурўҳи кории муштараки Тоҷикистону Россия оид ба амалигардонии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия  дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва шаҳрвандони Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 октябри соли 2004 баргузор гардид. Бино ба иттилои […]

ASIA-Plus



Ахири ҳафтаи равон дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи  10-ми  Гурўҳи кории муштараки Тоҷикистону Россия оид ба амалигардонии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия 


дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва шаҳрвандони Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 октябри соли 2004 баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, дар кори Ҷаласа  Гурўҳи кориро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон  Тағойзода С., вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷониби Федератсияи Россия Яковенко В. В., муовини роҳбари Хадамоти федералии муҳоҷирати Россия  роҳбарӣ намуданд. Инчунин, дар кори Ҷаласа Сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Лякин-Фролов И. С. ва роҳбари Намояндагии Хадамоти федералии муҳоҷирати Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маркевич В. В. иштирок намуданд.

Гуфта мешавад, рўзномаи ҷаласаи мазкур  7 масъаларо  ҷиҳати татбиқи Созишномаи мазкур дарбар гирифта, дар он оид ба омодагии тарафҳо ҷиҳати баимзорасонии 4 адад  лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират аз ҷумла, дар бораи реадмиссия ва Протоколи иҷроия оид ба тартиби татбиқшавии он, оид ба ҷалби муташакилонаи шаҳрвандони  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, дар бораи суғуртаи иҷтимоӣ ва таъмини нафақаи шаҳрвандони тарафҳо ва оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират (мубодилаи иттилоот) баррасӣ гардиданд.

Инчунин дар ин ҷаласа  вобаста ба мақоми ҳуқуқии Намояндагии мақомоти муҳоҷирати тарафҳо,  кори гурўҳи экспертӣ доир ба баррасии 5 категорияи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки воридшавии онҳо ба қаламрави Федератсияи Россия манъ гардидааст,  оид ба ҳалли масъалаи эътирофи сертификатҳои тиббӣ оид ба вазъи  саломатии муҳоҷирони меҳнатӣ ва оид ба ҳолати амалишавии муқаррароти Протоколи байниҳукуматӣ аз 29 октябри соли 2013, ки иҷозати кор барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муҳлати то 3 сол муайян кардааст, мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Баъд аз музокирот Тарафҳо оид ба ҳар як банди Рўзнома қарорҳои мушаххас қабул намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.