Рӯзи 3 июни соли 2015 дар Москва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ширкат варзид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, пеш аз оғози ҷаласаи Шӯро С.Аслов дар якҷоягӣ бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ аз ҷониби Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба ҳузур пазируфта шуд.
Гуфта мешавад, зимни баромади худ дар ҷаласаи Шӯро С.Аслов мавқеи Тоҷикистонро оид ба масалаҳои калидии ҳамкории кишвари мо дар ҳошияи СҲШ изхор намуд. Роҳбарони ҳайатҳо инчунин лоиҳаи қарорҳое, ки ба баррасии ҷаласаи Шӯрои роҳбарони кишварҳои узви СҲШ июли соли ҷорӣ пешниҳод мегарданд, баррасӣ намуданд.



