Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон генерал-майори милитсия Турганбаев Мелис Токтомамбетович вохӯрӣ доир намуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, нахуст Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон Турганбаев Мелис Токтомамбетовичро барои ташриф овардан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, изҳор дошт, ки муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар рӯз аз рӯз рушду нумӯъ ёфта истодаанд. Ҳарду кишвар дар доираи фаъолияти ИДМ, Созмони иқтисодии АвруОсиё (ЕврАзЭС) ва Созмони Ҳамкории Шанхай дар таъмини сулҳу субот дар минтақа нақши муҳим доранд.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки Созмони Ҳамкории Шанхай имрӯз маркази боэътибор дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир гардидааст.
Дар навбати худ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон генерал-майори милитсия Турганбаев Мелис Токтомамбетович барои пазироии гарму самимӣ ба Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода изҳори сипос намуда, қайд кард, ки Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон ҳамеша барои ҳамкориҳои судманд бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ омодааст.
Дар хотимаи вохӯрӣ Вазирони ҳарду ҷониб Фармони якҷоя оид ба таъсис додани Мушовараи муштараки Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро ба имзо расониданд.
Зикр гардид, ки ҳуҷҷати имзогардида, дар навбати аввал ба ҳамкориҳои дуҷониба такони ҷиддӣ бахшида, имкон медиҳад, ки робитаҳо боз ҳам тақвият дода шаванд.
Мавриди қайд аст, ки имрӯз Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон генерал-майори милитсия Турганбаев Мелис Токтомамбетович бо мақсади иштирок дар ҷаласаи Вазирони корҳои дохилӣ ва бехатарии ҷамъиятии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ба шаҳри Душанбе ташриф овард.



