Собиқ тоҷики машғули таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Маскав дар Сурия кушта шуд

Насим Наботов, сокини ноҳияи Фархор, ки қаблан дар Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов таҳсили илм мекард, чанд рӯз қабл дар Сурия кушта шуд. Ин маълумотро ба Радиои Озодӣ падари Насим – Абдулмаҷид Наботов ва ҳам мақомоти амниятии ноҳияи Фархор тасдиқ кардаанд. Абдулмаҷид Наботов гуфтааст, ки хабари кушта шудани писарашро ҳам аз мақомот ва ҳам […]

ASIA-Plus



Насим Наботов, сокини ноҳияи Фархор, ки қаблан дар Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов таҳсили илм мекард, чанд рӯз қабл дар Сурия кушта шуд.

Ин маълумотро ба

Радиои Озодӣ

падари Насим – Абдулмаҷид Наботов ва ҳам мақомоти амниятии ноҳияи Фархор тасдиқ кардаанд. Абдулмаҷид Наботов гуфтааст, ки хабари кушта шудани писарашро ҳам аз мақомот ва ҳам аз рафиқони писараш, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо ӯ мукотиба доштаанд, шунида, ба ӯ гуфтаанд, ки писараш дар таркише аз мина кушта шудааст.

Вай афзудааст, ҳафтае пеш бо писараш сӯҳбати телефонӣ дошта, Насим гуфтааст, ки дар шаҳри Аданай, воқеъ дар марзи Туркия бо Сурия машғули кор аст. Насим ба падараш гуфтааст, ки “дигар ба Тоҷикистон пас гашта омада наметавонад” ва Абдулмаҷид Насимов, ӯро сарзаниш кардааст.

Пас аз ин гуфтугӯи кӯтоҳи телефонӣ, падар шумораи телефони писарашро ба мақомоти амниятии Фархор додааст, то онҳо дақиқ кунанд, ки писараш дар куҷо ва ба чӣ кор машғул аст ва ҳатто барои баргардониданаш кӯмак расонанд. Мақомоти амниятии Фархор дақиқ кардаанд, ки шуморае, ки Насим ба ӯ тамос гирифтааст, шумораи телефони Сурия аст.

Абдулмаҷид Наботов ҳикоят кардааст, ки баъди хатми мактаб писараш ба факултаи технологии Донишгоҳи давлатии Маскав дохил шуда, вале баъди ду сол аз таҳсил даст кашидааст. Ӯ ҳамчунин хабар додааст, ки дар Маскав писараш бо кадом як гурӯҳи ифротгаро робита пайдо кардааст.

Дар ҳамин ҳол, дар Интернет оид ба таҳсилро тарк кардану ба Сурия раҳсипор шудани боз як донишҷӯдухтари русиягии Донишгоҳи давлатии Маскав Варя Караулова маълумот интишор шуд.

Донишҷӯдухтари аълохони факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Маскав рӯзи 27 май ба модараш хабар додааст, ки барои таҳсил ба донишгоҳ меравад ва ҳамон рӯз аз хона баромада, дигар барнагштааст. Ҳамон шаб волидони ӯ ба мақомои пулис муроҷиат намуда, рӯзи дигар маълум шудааст, ки Варя дар қаламрави Туркия ва тибқи биллинги телефон, аллакай дар марз бо Сурия қарор дорад.

Бо дастрасии бештари маълумот ҳар соат волидони донишҷӯдухтар дарк кардаанд, ки духтарашон ба минтақаи амали созмони терористии «Давлати исломӣ» рафтааст, менависад

The Insider

.

Дар бораи сабабҳои ба Сурия раҳсипор шудани дорандаи медали тилло, ки панҷ забон (англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, арабӣ ва лотинӣ)-ро балад будаасту бо волидон ва ҳамсабақон ҳеҷ ихтилофе надоштааст, TheInsider бо падари ӯ – Павел Караулов

суҳбат оростааст

.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.