Фармондеҳи марзбонии Эрон генерал-майор Қосим Ризоӣ чанде қабл ба хабаргузории «Форс» дар робита ба сафари серӯзааш ба Тоҷикистон маълумоти чанде аз коршиносон ва як қатор ВАО дар бораи пайдо шудани ҷангиёни Давлати исломии Ироқу Шом (ДДИШ) дар Афғонистон ва марзҳои Тоҷикистонро рад кард.
«Ин гуна маълумот беасос аст, вале дар минтақа нерӯҳое мавҷуданд, ки ба ноамн кардани вазъ кӯшиш ба харҷмедиҳанд», – қайд кардааст генерали эронӣ.
Ӯ аз сафараш ба Тоҷикистон қаноатмандӣ изҳор намуда, зикр кардааст, ки дар ин кишвар барои пешгирии вуруди гурӯҳҳои террористӣ дар сатҳи баланд кори зиёде ба сомон расида, таҷрибаи Тоҷикистон дар ин самт барои Эрон омӯзанда аст.
«Барои таъмини сулҳу субот дар минтақа мо бо Тоҷикистон табодули таҷриба намуда, маълумоти дахлдорро ба якдигар мерасонем», – таъкид доштааст генерал.



