Миннатдории президент ба Чин барои кумак дар таъмини амнияту тартибот

Нимаи дуюми рӯзи 5 июн Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Го Шанкунро, ки барои иштирок дар мулоқоти вазирони корҳои дохилии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Чин дар соҳаи амният ва […]

ASIA-Plus



Нимаи дуюми рӯзи 5 июн Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Го Шанкунро, ки барои иштирок дар мулоқоти вазирони корҳои дохилии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Чин дар соҳаи амният ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот баррасӣ шуда,

Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Чин барои кумакҳои пайвастаи техникӣ ва саҳмгузорӣ дар омодасозии кадрҳои баландихтисоси ин соҳаҳо арзи сипос намуд ва таъкид дошт, ки ҳамгироии босамари ду кишвари дӯсту ҳамсоя ба таҳкими амну субот дар минтақа ва муборизаи беамон бо унсурҳои терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва яроқу аслиҳа мусоидати фаъол мекунад.

Бино ба таъкиди Го Шанкун Ҷумҳурии Мардумии Чин омода аст, ки минбаъд ҳам аз рушди босуботи Тоҷикистон чун ҳамсояи боэътимоди худ ва узви фаъоли Созмони ҳамкории Шанхай ҳамаҷониба пуштибонӣ намояд.

Ҳарду ҷониб доир ба тамоми масоили мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом дода, ҳавасмандии худро ба таҳким ва густариши ҳамкории самарабахш таъкид доштанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.