Иштироки 1,5 ҳазор намояндаи 99 кишвари ҷаҳон дар кори конфронcи оби Душанбе

Рӯзи 7 июни 2015 дар бинои Китобхонаи Миллӣ таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов сеюмин ҷаласаи Кумитаи байналмилалии роҳбарикунандаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» 2005-2015 баргузор гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, Кумитаи байналмилалии роҳбарикунанда бо мақсади коркарди барномаи фарогири Конфронс бо […]

ASIA-Plus



Рӯзи 7 июни 2015 дар бинои Китобхонаи Миллӣ таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов сеюмин ҷаласаи Кумитаи байналмилалии роҳбарикунандаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» 2005-2015 баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, Кумитаи байналмилалии роҳбарикунанда бо мақсади коркарди барномаи фарогири Конфронс бо иштироки ҳамаи гурӯҳҳои истифодабарандагони об ва шахсони тасмимгиранда, аз ҷумлаи намояндагони давлатҳои шарик, институтҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ташкилотҳои ҳавзавию дарёӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, секторҳои хусусӣ ва дигар тарафҳои манфиатдор ташкил карда шуд.

Зимни суханрнӣ назди иштирокдорони конфронс Сироҷиддин Аслов изҳор намуд, ки дар конфронси байнулмилалии Душанбе (9-11 июн) беш аз 1,5 ҳазор нафар аз зиёда аз 99 кишвари ҷаҳон ширкат хоҳанд варзид, ки ҳукуматҳо, ниҳодҳои СММ, созмонҳои минтақавӣ ва байнулмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои кор бо занону кӯдакон ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро намояндагӣ хоҳанд кард.

«Ин гувоҳи то кадом андоза ба конфронс таваҷҷуҳ зоҳир намудани ҷонибҳои манфиатдор ва ҳамчунин нишондиҳандаи кори муваффақи омодагӣ ба он аст. Ба Форуми оби вобаста ба кӯдакон таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, он ҳудуди 100 нафар намояндагони 13 кишвари ҷаҳонро гирдиҳам овард», – қайд кард С.Аслов.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.