Назорати захираҳои молии ТҒД Тоҷикистон бештар мешавад



Имрӯз палатаи поёнии парлумон тағйирот ба қонун «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ»-ро баррасӣ мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар тағйирот бештар шудани назорати даромадҳои молӣ ва хароҷоти иттиҳодияҳои ҷамъиятии кишвар пешбинӣ шудааст.


Моҳи ноябри соли 2014

иттилоъ дода шуда буд, ки мутобиқи лоиҳаи қонун дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», ки аз ҷониби Вазорати адлия таҳия шудааст, тамоми бурсҳо ва маблағҳои хайрияи аз сарчашмаҳои хориҷӣ ва байнулмилалии дастрасшуда ба Ташкилотҳои ғайридавлатӣ (ТҒД), бояд дар феҳристи давлатии кумаки башардӯстона ба қайд гирифта шаванд ва ба амалисозии барномаҳои маблағгузоришуда аз ҷониби ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байнулмилалӣ ва дигар сарчашмаҳо аз хориҷи кишвар, танҳо баъди анҷоми ҷараёни бақайдгирӣ иҷозат дода мешавад.

Баъдтар маълумот дода шуд, ки Вазорати адлияи ҷумҳурӣ дархосту пешниҳодҳои ТҒД-ро ба инобат гирифта, тағйироти дахлдор ворид намуд, ки мувофиқи он ҳисоботи дастрас шудану истифодаи бурсҳои байнулмилалӣ аз ҷониби ин ташкилотҳо дар шакли огоҳ кардан ва бидуни сабти ҳатмии он пешниҳод хоҳад шуд.

Аммо то ҷое маълум аст, бо матни таҳрири ниҳоии тағйироту илова ба қонун «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», ки ба вакилони парлумон пешниҳод мешавад, ҳеҷ касе аз намояндагони ТҒД шиносу огоҳ нест.

spot_imgspot_img

Популярное