Суғд: Мусодираи беш аз 38 кило маводи мухаддир дар як шабонарӯз



Кормандони мақомоти милисаи шаҳри Хуҷанд ҳангоми баргузор кардани тадбирҳои фаврӣ-ҷустуҷӯи рӯзи 9 июн, ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 40-солаи шаҳри Истаравшанро боздошт намуданд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳангоми кофтуков аз боздоштшуда 26 килову 488 грамм маводи мухаддири навъи ҳашиш ва 1 кило маводи сахттаъсири героин дарёфт ва мусодира шудааст.

Гуфта мешавад, худи ҳамон рӯз кормандони милисаи шаҳри Исфара аз сокини 43-солаи ноҳияи Ҷиликӯл 11 кило маводи мухаддири ҳашишро мусодира карда, вазни маводи нашъаовари мусодирашуда тайи як шабонарӯз дар маҷмӯъ 38,5 килоро ташкил додааст.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯйи ин далелҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

spot_imgspot_img

Популярное