Раиси Кумитаи сохтмони давлатӣ ва идоракунии маҳаллии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Абдураҳим Холиқзода дар кори конфронси байнулмилалии илмиву амалӣ дар мавзӯи «Рушди демократияи парлумонӣ: сабақҳо ва дурнамо», ки рӯзҳои 11-13 июн дар шаҳри Бишкек доир мегардад, ширкат меварзад.
Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар кори конфронси мазкур иштироки Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун ва президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбоев дар назар буда, оид ба фаъолияти парлумони Қирғизистон раиси Жогорку Кенеш Асилбек Жээнбеков маърӯза хоҳад кард.



