Таҳкими ҳамкориҳои вилояти Хуросони Эрон бо вилояти Суғд



Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҳайати расмии вилояти Хуросони Разавии кишвари Эронро бо роҳбарии Алиризо Рашидиён, устондори ин вилоят, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, зимни мулоқоти ҷонибҳо, ки 12 июн дар қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд доир гардид, масъалаҳои рушди ҳамкорӣ миёни ду вилоят мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Изҳор гардид, ки равобити ҶТ бо ҶИЭ ҳамчун ду кишвари дорои забону фарҳанги муштарак сол то сол густариш меёбад ва далели ин ҳамкориҳо фаъолияти беш аз 200 ширкати эронӣ дар Тоҷикистон, бунёди нақби Истиқлол, нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» ва даҳҳо иншооти дигар аз ҷониби мутахассисони эронӣ, ҳамзамон ташкили намоишгоҳи маҳсулоти ширкатҳои вилояти Хуросони Разавӣ ба шумор меравад.  Дар доираи чунин ҳамкориҳо соли гузашта сафари ҳайати расмии вилояти Суғд ба ҶИЭ ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷа хоки оромгоҳи шоири бузург Хоҷа Камоли Хуҷандӣ аз шаҳри Табрез ба Ватан оварда шуд ва Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» бо тарҳи наву замонавӣ қомат афрохт.

Абдураҳмон Қодирӣ ҳамзамон аз рушди босуръати соҳаҳои саноату кишоварзӣ дар Суғд ёдовар шуд. Дар вилоят ҳамасола садҳо корхонаҳои нави саноатӣ буёд мешаванд, ки нишони боло рафтани иқтисодиёти минтақа аст. Аз ҷумла дар ҳамкорӣ бо мутахассисони эронӣ дар маркази вилоят маркази таълимии «Шероз» таъсис ёфтааст, ки инҷо коршиносони эронӣ ба бонувони вилоят санъати гилембофиро меомӯзанд. Соли ҷорӣ таъсиси 150 марказҳои таълимию истеҳсолии адрасу атласбофӣ ва қолинбофӣ ба нақша гирифта шудааст, ки 9000 ҷойҳои нави кориро барои бонувони хонашин фароҳам хоҳад овард.

Илова шуд, ки дар вилояти Суғд имкониятҳои мусоиди саноатию кишоварзӣ ҷиҳати рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ мавҷуданд, ки бояд самаранок истифода шаванд.

Алиризо Рашидиён – устондори Хуросони Разавӣ изҳор намуд, ки минтақаҳои Суғду Хуросон умумиятҳои муштараки фарҳангӣ, саноативу кишоварзӣ ва сайёҳӣ доранд. Бахусус Хуҷанди бостонӣ дар қаламрави илму адаби Эрон ҷойгоҳи хосаро соҳиб аст. Имрӯз ниҳодҳои давлатӣ ва ҳам бахши хусусии Хуросони Разавӣ шавқманди ба роҳ мондани ҳамкориҳои муфиди тиҷоратию истеҳсолӣ дар Суғд мебошанд. Айни ҳол мутахассисони хуросонӣ дар самтҳои шаҳрсозию роҳсозӣ, истеҳсоли маҳсулоти саноатию кишоварзӣ, обрасонӣ, энергетика ва тандурустӣ таҷрибаи пешрафта доранд.

Ба таъкиди Алиризо Рашидиён дар Суғд имкониятҳои фаровони истеҳсоли нерӯи барқ аз об ва боду офтоб мавҷуданд, ки барои рушди ин соҳа мусоидат хоҳанд кард. Хуросони Разавӣ дар самти тайёр намудани мутахассисони ботаҷриба низ метавонад саҳмгузор бошад. Дар ин минтақа имруз 175 донишгоҳ амал мекунад, ки 300 ҳазор донишҷӯро фаро гирифтаанд.

Аз ҷониби меҳмонони эронӣ пешниҳод гардид, ки ҷиҳати рушди бахши сайёҳӣ, саноеи дастӣ ва оинҳои муштарак гуруҳи кории омӯзишӣ ташкил карда шавад.

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ намояндагони бахши хусусии Хуросони Разавиро барои ҳамкорӣ дар самти азхудкунии заминҳо даъват намуд. Роҳбарияти вилоят имрӯз азхудкунии дашти Сомғор ва мавзеи Қизилиро ба нақша гирифтааст, ки соҳибкорони эронӣ метавонанд дар обёрии ин мавзеъҳо ва ба роҳ мондани парвариши маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссагузор бошанд.

Инчунин ташкили як маркази ташхисию табобатии муштарак бо мутахассисони шаҳри Машҳад дар шаҳри Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст.

Дар мулоқот сафири Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ низ иштирок дошт. Ӯ зимни сӯҳбат аз вусъати корҳои ободонӣ дар вилоят изҳори хушҳолӣ намуд ва гуфт, ки чунин тағироти мусбиро дар намуди зоҳириву ботинии минтақа рӯз аз рӯз бештар эҳсос мекунад.

spot_imgspot_img

Популярное