Анҷоми Чемпионати Осиёи Марказӣ оид ба шоҳмот дар Тоҷикистон

Дар даври интихобии мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон дар минтақаи 3.4 (Осиёи Марказӣ), ки бори нахуст дар Тоҷикистон доир гардид, шоҳмотбозони Қазоқистон Ренат Жумабоев (8 имтиёз) миёни мардон ва Динора Садуакассова (6,5 имтиёз) дар байни занон пирӯз шуданд. Ғолибони мусобиқа миёни мардону занон ба мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон роҳхат дарёфт намуда, миёни мардон зинаи дуюмро шоҳмотбози Туркманистон Юсуф […]

Сайфиддин Қараев



Дар даври интихобии мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон дар минтақаи 3.4 (Осиёи Марказӣ), ки бори нахуст дар Тоҷикистон доир гардид, шоҳмотбозони Қазоқистон Ренат Жумабоев (8 имтиёз) миёни мардон ва Динора Садуакассова (6,5 имтиёз) дар байни занон пирӯз шуданд.

Ғолибони мусобиқа миёни мардону занон ба мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон роҳхат дарёфт намуда, миёни мардон зинаи дуюмро шоҳмотбози Туркманистон Юсуф Отабоев ишғол намуд ва ӯ низ роҳхати дуюм ба Ҷоми ҷаҳонро ба даст овард.

Қобили зикр аст, ки ин мусобиқа аз 3 то 12 июн доир гардида, дар он аз панҷ кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ 46 нафар шоҳмотбозон ширкат варзиданд. Фонди умумии мукофотпулии мусобиқа 5 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод.

Миёни намояндагони Тоҷикистон беҳтаринҳо Алишер Каримов ва Ҷамшед Исоев буданд, ки ҳар кадоме 5 имтиёзӣ касб карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.