Китоби дарсии “Таърихи халқи тоҷик” барои донишҷӯёни ихтисосҳои ғайритаърихи мактабҳои олии кишвар, ки ба қалами донишмандони маъруфи кишвар Намоз Ҳотамов, Давлатхӯҷа Довудӣ, Сайфуллоҳи Муллоҷон ва шодравон Маъруф Исоматов навишта шудааст, бо такмилу иловаҳо аз ҷониби интишороти “Эрграф” бо теъдоди се ҳазор нусха аз чоп баромад.
Ин китоб таърихи халқи тоҷик аз замони бостон то рӯзҳои моро фаро гирифтааст. Нашри нахустини ин китоб дар соли 2011 бо истиқболи гарми устодону донишҷӯён ва умуми хонандагон рӯ ба рӯ шуда, аз ҷониби донишмандони соҳа низ баҳои баланд гирифт. Аз ин рӯ бо ҳимояти вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технология ва пуштибонии Донишгоҳи миллӣ, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат бо сифати баланд бознашр гардидааст.
Китоби мазкур бо забони оммафаҳм ва бо такя бар осори мӯътабари таърихӣ, маводи бойгонӣ ва дигар маъхазҳои иттилоотӣ иншо гардидааст.



