Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қирғизистон пуршукӯҳ баргузор шуданд



Дар шаҳри Бишкек маросими ботантанаи анҷоми Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қирғизистон баргузор шуд. Ин чорабинӣ дар театри опера ва балети ба номи А.Малдибоев бо гала-консерт анҷом пазируфт.

Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Душанбе дар Бишкек, дар доираи чорабиниҳои Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қирғизистон аҳолии кишвари ҳамсоя бо тобишҳои ҷолиби фарҳангу ҳунари мардуми тоҷик, расму оини миллӣ ва дастовардҳои муосири Тоҷикистон дар бахши фарҳанг аз наздик ошно гардиданд.

Гуфта мешавад, ин чорабинии фарҳангӣ ба ҷашни пуршукӯҳи дӯстӣ мубаддал гардида, хоҳиши мардуми ҳамсоякишварҳоро ба роҳандозии ҳамкории пурсамар, таҳкими ҳусни тафоҳум ва эътимоди дуҷониба таҷассум кард.

Ба иттилои манбаъ, чорабиниҳои сершумор дар шаҳри Бишкеку вилояти Иссиқ-Кӯл ҷонибдории кишварҳои дӯст ба рушди минбаъдаи муколамаи фарҳангиву гуманитарӣ ва пурмуҳтаво сохтани онро нишон доданд.

Зимнан зикр мегардад, ки тамоми чорабиниҳои Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қирғизистон бо ҳузури тамошобинони сершумор ва намояндагони ВАО дар фазои ғайриоддии илҳоми эҷодӣ сурат гирифтанд.

spot_imgspot_img

Популярное