Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 16 июн бо фармони худ аъзои нави Раёсати Бонки миллии Тоҷикистонро таъин кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармони президент мутобиқи моддаи 69-и Конститутсияи ҶТ ва моддаи 74-и қонуни ҶТ «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», Ҷамолиддин Нуралиев , муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Сироҷидин Икромов ва Лола Салимова – муовинони раиси Бонки миллии Тоҷикистон аъзои Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқ карда шуданд.
Гуфта мешавад, ғайр аз ин, Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд, Ашурбой Солиев ва Ҳайдар Раҳматов аъзои мустақили Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқ карда шуданд.



