«Вавилон-М» бояд 341 млн. сомонӣ пардохт кунад?

Директори генералии ширкати «Вавилон-М» Беҳзод Файзуллоев, ки муддати сол баҳс бо Кумитаи андоз оид ба қарзи бисёрмиллионнаи ширкат аз андозро ҳаллу фасл мекунад, аз Суди конститутсионии ҶТ посух гирифт. Ба ин мақомоти ӯ барои муайян кардани қонунӣ будани амалҳои мақомоти андоз муроҷиат кард. Беҳзод Файзуллоев дар муроҷиатномаи худ аз Суди конститутсионӣ дархост намуд, ки мутобиқати […]

Мавзуна Абдуллоева



Директори генералии ширкати «Вавилон-М» Беҳзод Файзуллоев, ки муддати сол баҳс бо Кумитаи андоз оид ба қарзи бисёрмиллионнаи ширкат аз андозро ҳаллу фасл мекунад, аз Суди конститутсионии ҶТ посух гирифт. Ба ин мақомоти ӯ барои муайян кардани қонунӣ будани амалҳои мақомоти андоз муроҷиат кард.

Беҳзод Файзуллоев дар муроҷиатномаи худ аз Суди конститутсионӣ дархост намуд, ки мутобиқати банди 7-и «Муқаррарарот дар бораи ҳисоби арзиши воқеъии маҳсулот» бо бандҳои 12, 32 ва 45-и Қонуни асосии Тоҷикистонро баррасӣ кунад, ки бар асоси он Кумитаи андоз ҳангоми санҷиши ширкати «Вавилон-М» амал кардааст. Бандҳои мазкур фаъолияти соҳибкорӣ, дарихтиёрдории амвол ва пардохти андозро танзим мекунанд. Талаботи Кумитаи андоз аз ширкат ҷиҳати пардохти қарзи андоз дар ҳаҷми 341 млн. сомонӣ ба пешниҳоди ин муроҷиатнома асос шуд. Ба андешаи директори генералии ширкат, андоз дар Тоҷикистон на дар асоси муқаррарот, балки дар асоси қонун муайян карда мешавад, вале амалҳои Кумитаи андоз бар асоси ин муқаррарот асос ёфта, мухолифи қонунгузорӣ мебошанд.

Дар қарори Суди конститутсионӣ, ки дар газетаи «Садом мардум» аз 8 июн

ба чоп расидааст

, гуфта мешавад, мурофиаи судӣ 18 майи соли 2015 таҳти раёсати судя Маҳкам Маҳмудзода доир гардид. Суд

қарор кард,

ки банди 7 Низомномаи калкулятсияи арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) дар корхонаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 1999 №210 тасдиқ карда шудааст, ба моддаҳои 12, 32 ва 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Намояндагони ширкати «Вавилон-М» ба «Азия-Плюс» маълумоти як қатор ВАО-ро дар бораи он, ки бо қарори Суди контситутсионии ҷумҳурӣ ширкат бояд ба буҷети кишвар бо талаби Кумитаи андоз 341 млн. сомонӣ маблағ пардохт кунад, рад карданд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан, моҳи июли соли 2014 раиси Кумитаи андози Тоҷикистон Нусратулло Давлатов зимни нишасти хабарӣ дар ин робита

изҳор намуда буд,

ки қарзи ширкати «Вавилн-М» аз андоз 341 млн. сомониро ташкил дода, бояд ин қарз қисм-қисм пардохта шавад.

«Бо назардошти ҷарима ва дигар пардохтҳо (аз ҷумла ҷаримаи аҳдшиканӣ ё пеня) қарзи умумии Babilon-mobile аз андоз 341 млн. сомониро ташкил дода, ин маблағи ошкоршуда баҳсӣ аст, зеро ширкат қарзро эътироф накарда, аз пардохти он саркашӣ дорад», – гуфта буд он замон Давлатов.

«Қарзи асосӣ дар давраи аз соли 2011 ба вуҷуд омадааст. Зимни санҷиш ошкор шуд, ки ширкат меъёрҳои қонунгузории зиддиинҳисориро риоя накарда, ҳангоми хизматгузорӣ ба мизоҷон аз тарифҳое, ки бо Агентии зиддиинҳисории кишвар мувофиқа нашуда буданд, истифода кардааст. Ҳамаи ширкатҳои пешрафта дар бозор тарифҳоро бояд бо Агентии зиддиинҳисорӣ мувофиқа намоянд. Ширкат дидаву дониста мизони даромадро аз будаш пасттар нишон додааст», – зикр карда буд ӯ.

«Мо ба мавқеи ягона расида натавонистем ва онҳо пардохти маблағи қарзро рад намуданд. Мо ба вохӯрӣ дар суд бо онҳо омодаем. Ба иҷрои ҳама гуна қарори суд мо уҳдадорем. Шояд суд қарор мекунад, ки ҳаҷми қарз коҳиш дода шавад ва шояд ба чунин хулоса наояд», – қайд карда буд раиси Кумитаи андоз. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.