Рӯзи 23 июн Қушӯнҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Тоҷикистон 22-юмин солгарди таъсисёбиашонро ҷашн мегиранд.
Котиби матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Қушӯнҳои хушкигард, ки сохтори сершумортарин буда, 70%-и ҳайати Вазорати мудофиаро ташкил медиҳанд, тобистони соли 1993, замони идомаи ҷанги хуношоми шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ таъсис дода шудаанд.
«Имрӯз Қушӯнҳои хушкигард бо тамоми аслиҳаву муҳимоти низомӣ ва техникаи зарурӣ муҷаҳҳаз ва бо ҳайати афсарони соҳибтаҷриба таъмин буда, ба иҷрои ҳама гуна вазифаҳои дар наздашон гузошташуда қодиранд», – гуфт Маҳмадалиев.
Ба гуфтаи ӯ, ба муносибати ҷашни солгарди таъсисёбии Қушӯнҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ миёни воҳидҳои қисми низомӣ озмунҳои гуногун ва дар байни сарбозону афсарон викторинаҳо, мусобиқаҳои варзишӣ ва дигар чорабиниҳо гузаронида мешаванд.



