Роҳбарони шабакаҳои давлатии телевизион иваз шуданд

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии соҳаҳои амнияти миллӣ, идораи замин ва геодезия, меъморӣ ва сохтмон, телевизион, радио, дигар воситаҳои иттилоърасонии давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода тағйироти кадрӣ амалӣ намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Шамсуддинзода Садриддин Зайниддин аз вазифаи директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” озод ва […]

ASIA-Plus



Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии соҳаҳои амнияти миллӣ, идораи замин ва геодезия, меъморӣ ва сохтмон, телевизион, радио, дигар воситаҳои иттилоърасонии давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода тағйироти кадрӣ амалӣ намуд.


Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат,


Шамсуддинзода Садриддин Зайниддин


аз вазифаи директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” озод ва муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.


Давлатзода Зевар Маҳмудӣ


аз вазифаи директори муассисаи давлатии телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” озод ва директори муассисаи давлатии телевизиони Сафина таъин карда шуд.


Амирзода Дилафрӯз Субҳон

аз вазифаи муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва директори муассисаи давлатии телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” таъин гардид.


Заробиддин Қосимӣ

аз вазифаи муовини роҳбари Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” таъин карда шуд.


Ҳикматзода Абдусамад Ҳайдар


аз вазифаи муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва муовини директори муассисаи давлатии телевизиони Сафина таъин гардид.


Қаландарбекова Назира Амирбековна,

ки то ин вақт директори муассисаи давлатии телевизиони Бадахшон буд, муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.


Раҳмонзода Қурбоналӣ Шариф

аз вазифаи мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа озод ва сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият” таъин карда шуд.

Бо сабаби расидан ба синни нафақа

Муҳаммад Ғоиб

аз вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият” ва

Ализода Абдурашид

аз вазифаи директори радиои Тоҷикистон рухсат дода шуданд.


Ҳабибов Хуршед Наҷмиддинович

директори генералии ҶСК “Телерадиоком”,

Ализода Суҳроб Маҳмуд

сардори Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ ва

Зиёев Фаррух Давлатович

директори радиои Тоҷикистон таъин карда шуданд.


Давлатзода Лутфулло Саъдулло


аз вазифаи директори муассисаи давлатии телевизиони Сафина озод ва директори муассисаи давлатии театри драммавӣ-академии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ таъин карда шуд.


Сарвари давлат зимни суҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият дар ин соҳаҳо таъингардида, ки аксарият ҷавону корозмуда буда, дар вазифаҳои гуногун содиқона хизмат кардаанд, фаъолияти ин бахшҳо, хусусан кори расонаҳои давлатии иттилоотиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, аз камбудиҳои зиёди ҷойдошта ёдовар шуданд ва барои бартараф намудани нуқсонҳо, амалисозии тадбирҳои муассир, аз ҷумла дар шароити тақвияти фишорҳои номатлуб дар фазои иттилоотии Тоҷикистон дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.