Кумитаи дин: ҲНИТ набояд дар дафтари кориаш ифтор диҳад

Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро таври хаттӣ огоҳ намуд, ки дар моҳи шарифи Рамазон дар дафтари кории ҳизб намози таровеҳ ва ифтор барпо накунад. Огоҳии худро Кумита ба қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» асоснок мекунад. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, […]

ASIA-Plus



Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро таври хаттӣ

огоҳ намуд,

ки дар моҳи шарифи Рамазон дар дафтари кории ҳизб намози таровеҳ ва ифтор барпо накунад. Огоҳии худро Кумита ба қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» асоснок мекунад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, рӯзи 18 июн аз Кумитаи дин номае ба дафтари ҲНИТ расидааст, ки дар он бо ишора ба Қонуни ҶТ “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” гуфта мешавад, ки талаботҳои ин қонун аз тарафи ҳизб риоя нашуда, бо оғози моҳи Рамазон дар қароргоҳи ҳизб бо иштироки шумораи зиёди шаҳрвандон намози таровеҳ ва хурдани таом сурат мегирифтааст.

Гуфта мешавад,  «суннати баргузории маҳфилҳои нуронии рамазонӣ аз замони марҳум устоди бузургвор Сайид Абдуллоҳи Нурӣ то имрӯз ба мерос мондааст ва ҳамасола бо кӯмаки саховатмандону накӯкорон ба садҳо нафар ғизои моддиву маънавӣ дар ин моҳи муборак дода мешуд».

«Ба ибораи Президенти кишвар ин амали солеҳ ҷузъи фарҳанги миллиамон гардида буд. Аммо, дар таълимоти дини мубини Ислом барои хайркунанда мушкиле нест, мушкил ба касе ҳаст, ки монеъи кори хайр мешавад. Агар ният хос барои ризои Ӯ таъоло бошад, пас барои хайркунанда савобу аҷру подош низ аз ҷониби Ӯст», – омадааст дар маълумоти сомонаи расмии ҳизб.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.