Омодагии Қушӯнҳои хушкигарди Вазорати мудофиа ба ҷашн

Рӯзи 23 июн Қушӯнҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Тоҷикистон 22-юмин солгарди таъсисёбиашонро ҷашн мегиранд. Котиби матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Қушӯнҳои хушкигард, ки сохтори сершумортарин буда, 70%-и ҳайати Вазорати мудофиаро ташкил медиҳанд, тобистони соли 1993, замони идомаи ҷанги хуношоми шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ таъсис дода шудаанд. «Имрӯз Қушӯнҳои […]

Аваз Юлдошев



Рӯзи 23 июн Қушӯнҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Тоҷикистон 22-юмин солгарди таъсисёбиашонро ҷашн мегиранд.

Котиби матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Қушӯнҳои хушкигард, ки сохтори сершумортарин буда, 70%-и ҳайати Вазорати мудофиаро ташкил медиҳанд, тобистони соли 1993, замони идомаи ҷанги хуношоми шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ таъсис дода шудаанд.

«Имрӯз Қушӯнҳои хушкигард бо тамоми аслиҳаву муҳимоти низомӣ ва техникаи зарурӣ муҷаҳҳаз ва бо ҳайати афсарони соҳибтаҷриба таъмин буда, ба иҷрои ҳама гуна вазифаҳои дар наздашон гузошташуда қодиранд», – гуфт Маҳмадалиев.

Ба гуфтаи ӯ, ба муносибати ҷашни солгарди таъсисёбии Қушӯнҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ миёни воҳидҳои қисми низомӣ озмунҳои гуногун ва дар байни сарбозону афсарон викторинаҳо, мусобиқаҳои варзишӣ ва дигар чорабиниҳо гузаронида мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.