Дар вилояти Суғд Фонди хайрия таъсис дода мешавад

Бо қарори раиси вилояти Суғд, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ва беҳгардонии сатҳи зиндагии аҳолии эҳтиёҷманд, ҳалли масоили гуногуни иҷтимоидошта, инчунин дастгирии моддии шаҳрвандон, Фонди хайрияи Шӯъбаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таъсис дода мешавад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, Фонди хайрияи ба хотири ҷалби захираҳои […]

ASIA-Plus



Бо қарори раиси вилояти Суғд, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ва беҳгардонии сатҳи зиндагии аҳолии эҳтиёҷманд, ҳалли масоили гуногуни иҷтимоидошта, инчунин дастгирии моддии шаҳрвандон, Фонди хайрияи Шӯъбаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таъсис дода мешавад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, Фонди хайрияи ба хотири ҷалби захираҳои иловагии молиявӣ ҷиҳати ҳаллу фасл намудани масъалаҳои гуногуни иҷтимоӣ, боз ҳам мустаҳкам кардани заминаҳои моддию техникии муассисаҳои аз буҷети вилоят маблағгузоришаванда ташкил мегардад.

Гуфта мешавад, захираҳои Фонд ҳамчунин ба дастгирии модии шаҳрвандони камбизоат, яккаву танҳо, маъюб, собиқадорони ҷангу меҳнат ва ғайраҳо равона хоҳад шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.